Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Садои бозистодани «ГАЗ-24»-и оҷранг Ромизро аз банди хаёл озод кард ва ў дид, ки вазир аз мошин баромад. Ў аз курсӣ хеста, ба салом омода истод.
— Ҳа... салом-салом! – хурсанд ба саломи Ромиз алейк гирифта даст дароз кард вазир ва ба китфи ў даст монда андаке пеш тела дод, ки ҳамроҳи ў дарояд ва Ромиз «марҳамат» гуфта, ўро пеш гузаронд ва аз паси ў даромад. Аз муомила, ваҷоҳату рўҳияи вазир пай бурд, ки кор хурсандӣ орад, вале ҳоло чӣ буданаш аён нест.
— Корҳо чӣ тавр? – қабо овехта ва кулоҳ болои он монда пурсид вазир.
— Бад не, муаллим.
— Дар телевизион чӣ гапҳои нав?
— Гапи нав нест, – андаке суст шуда гуфт Ромиз, гумонаш, ки вазир аз ҳамаи он гапҳо бохабар аст ва ўро ба бозпурс ҷеғ задааст.
Не, вазир ба ў чӣ гапе дорад, Ромиз актёр нест, режиссёр аст ва дигар дар системаи Вазорати маданият кор намекунад.
— Ха-айр, – мад кашид вазир, – баргашта ба театр биё.
— Ба кадом театр? – ҳайрон шуда пурсид Ромиз.
— Ба театри худат кор кардагӣ.
— Не, муаллим, ман... Агар хоҳед ба театри русӣ...
— Хайр, боз хуб, хеле хуб... Набошад ин масъаларо ҳал кунем,
– гўён вазир аз папка коғазеро баровард ва айнак монда нигоҳ кард ва боз ба Ромиз рў овард: – Тайёриатро бин, ҷўра, – хандида ва шўхиомез гуфт ў. – Моноспектакли «Танҳоӣ»-ат ба Маскав меравад... Ина бин-а, «Танҳоӣ» ба куҷоҳо меравад. Боз мегўянд, ки каси танҳо ҳеҷ кор карда натавонад. Ҳамааш гап будааст, як кас ҳам метавонистааст бисёр корҳо кунад... Лекин тайёрии зўр дидан лозим...
Гумон меравад, ки дар ин солҳои наздик ва умуман бо Ромиз коре ва ҳарфе нашуда ва он чизеро, ки ў орзў дошт, ёфт; аввал худашро шинохт, худашро дарёфт, сонӣ чизи хостаашро. Барои ин аз ҳамон каси ношиносе, ки раҳнамо барин ҳамвора пешопеши ў мегашт, миннатдор аст. Ромиз гўё маҳз ҳамин чизро мехост, барои ў чизи дигар лозим набуд; дар республика ўро мешиносанд, вале ў боз мехост, ки дар саросари Ватани паҳновар ўро шиносанд; ў намунаи санъат ва адабиёти олии халқашро ба дуриҳо, ба майдонҳои фарох бубарад; бо садои баланд ҷор занад ва ҳунари олӣ бинамояд, ки дар бешаҳои дур ҳам палангони хуфта ҳастанд...
Ҳолиё ў дар хона ҳам, дар роҳ ҳам, дар хобу бедорӣ ҳам ҳамин чизро фикр мекунад ва ҳар рубоӣ, ҳар байт, ҳар мисраъ ва ҳар калимаро чун ифода карда, то ба шунаванда расониданашро дар сару забон ҷо ба ҷо мегузорад. Масъулият дигар, тамоман дигар аст; дар бораи шеърҳо ва ҷо ба ҷо гузории онҳо ва басту банди намоиши «Танҳоӣ» фикр мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор