Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

режиссёру Ромиз бисёр гап мезаданд, вале ҳоло ҳар ду сухан намеёбанд, ки хомўш ҳастанд ва ё режиссёр аз чизе ибо карда, баъди андешаю мулоҳизаҳои дуру дароз як-як мепартояд:
— Ку, Маскав рафта биё...

7

Аз сўҳбати онҳо дере нагузашта ўро ба Вазорати маданият хонданд. Худи вазир ўро даъват кардааст. Ромиз гумон кард, ки ягон гап шудааст ва ё ўро ба театр бозгардонидан хоҳанд. Ва то даме ки Ромиз бо вазир рў ба рў наомада буд, фикр мекард, ки чӣ мегуфта бошад. Ў муомилаҳои хуби ўро, одами хуб, бофаҳм, санъатшинос, дурандеш будани вазирро ва пурғазабу шерсифат буданашро низ донад, аз ин рў тамоми роҳ андешаю муҳокима карда меравад.
— Вазир маро дидан хостаанд, – ба котиба арз кард Ў-
— Ба Совмин рафтанд.
— Афсўс... чизе нагуфтанд?
— Не...
— Афсўс... – ва баъди ин се бор «афсўс» гуфта аз дар баромад.
— Ягон гап шудааст?! – аз пас садои котиба омад.
— Не, худам намедонам, ки...
— ...шуморо куҷое фиристоданӣ... – давоми гапи ўро гирифта гуфт котиба ва ўро боздошт.
Котиба бори дигар ба қаду қомати Ромиз, қиёфаи ҷиддӣ ва чашмони маҳзуни ў нигарист, гўӣ аз қаъри чашмонаш чизеро дарёфт, ки дигар саволу ҷавоб накарда, дарро пўшид. Ромиз, ки фикру андешааш ба дигар чизҳо банд буд ва ба қавли худаш «боқимондаи мағзи сарашро ба масъала ва андешаҳои беҳуда сарф мекард», аз хаёлаш ҳам нагузашт, ки ин нигоҳи котиба чӣ маънӣ дошт ва ҳатто гумон ҳам накард, ки ў чизеро медонисту нагуфт.
Вай аз ошёнаи боло ба паст фаромад ва мунтазири омадани вазир шуд. «Чӣ гап дошта бошад?» аз худ пурсид ў. Ва ғайриихтиёр як фикр ба сараш давр зад: «Чаро ин қадар Қодиру Нодир рў ба рў истода гап мезананд? Қодир тез шуда оташ гирифта ва мисли аспи беқарор пойҳояшро бардору мон карда гап мезанад ва Нодир фақат бо ишораи дастҳо (ишораи сар не, гап не), бо ишораи дастҳо гапи ўро тасдиқ карда ва хандида, шикамашро дошта, мисли гимнастҳо ба паҳлў хаму рост шуда, ўро ангезу бардор диҳад, то гапашро гўяд». Гапи онҳо бештар ба маслиҳат ва машваратро монад, вале чун касе ба наздашон ояд, ба латифаю зарофатгўӣ гузаранд ва чунон ангоранд, ки дар ин шаҳр аз ин ду нафар оқилтар, фозилтар, адофаҳмтар касе нест. Ҳар ду ҳам ғайбати ҳамдигарро кунанд. Дар сар шона зананду аз таг фона.

пешина
аз 428
навбатӣ