Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ман СК меравам, – девонаавзоъ аз дар даромада гуфт Нодир.
— Чаро ба ман мегўӣ? – қасдан пурсид Ромиз.
— Ба кӣ гўям, ту ҳамкорам, ҷўрем,..
— Кай боз?
— Ҳама вақт.
— Аввалин бор мешунавам.
— Не, чи-ба ҳама вақт. Ана мебинӣ, гашта ба ҷоям нагиранд...
— Ҷим, тиш!.. – ангушт ба лаб рост зери бинӣ гузошта артиствор, вориди кабинет шуд Қодир. – Ҷим, рафиқон. Кори хуб нашуд.
— Чӣ-чӣ? – бештар ҷалб шуд Нодир.
— Ба идора аз боло комиссия омадааст. Аризаю шикоятҳоро медидааст.
— Наход? – боз дахл кард Нодир.
— Наход! Кўдак барин, як бор одам шуда ба кору бор назар кунед, – неш задагӣ барин гуфт Қодир.
— Ин гапи дигар! – қасдан гуфт Нодир.
Аммо Ромиз ба баҳсу мунозираи онҳо шарик нашуд. Ба назараш найрангбозӣ намуд. Ва чӣ шуд, ки якбора Қодир ба сигареткашӣ даромад ва дар як лаҳза кабинетро пур аз дуд кард.
Баромаду даромад, даромаду баромад, парешон, зери куртааш кайк даромадагӣ барин, ва ҳар боре, ки ў баромад, Нодир як ғуррида мемонд: «Не, ман ҳамту намемонам».
— Рафиқ Рабиев, ба кабинети сармуҳаррир! – аз дар гуфта баргашт котиба ва Ромиз ҳайрон шуд, ки чаро ба кабинети сармуҳаррир.
Ромиз филфавр нарафт, таҳаммул кард, фикру мулоҳииза ронд, ба назари худ, ба баъзе саволҳое, ки аз рўи гуфтаи директор бояд мешуд, ҷавоб тайёр кард ва баъд хеста рафт. Салом дода даромад.
Одамони ношинос буданд он ҷо. «Комиссия». Ромиз онҳоро намешинохт ва шояд онҳо ҳам Ромизро. Истинтоқ сар шуд:
— Шумо чӣ хел исбот мекунед, ки зани Алиев ссенарияҳоро худаш нанавишта пул гирифтааст? – пурсид як марди хароби парзадарў, ки нўги гўши чапаш андаке пучидагӣ буд.
— Шумо, рафиқ Рабиев, чӣ хел исбот мекунед? Аввалаш ки зани рафиқ Алиев синфи ҳаштро тамом карда хату савод надорад.
Сониян... А!
— ... – зуъмаш гирифта ҷавоб надод ў.
— Мо одами бекор нестем, гап занед?
— Мо ҳам одами бекор нестем, – теғ кашида гуфт Ромиз ва бархеста баромад. Ва он тарафашро надонист, ки комиссия чӣ гуфт ва чӣ кор кард. Ў, ки дар умраш дашномро намедонист, пурғазаб худ ба худ дашном дода, касеро ҳақорат карда аз дар даромад.

пешина
аз 428
навбатӣ