Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Ҳа? – гўё то омадани ў интизорӣ кашида бошад, пурсид Нодир.
— Кадом занғар аҳмақиҳои ўро навиштаасту ў аз ман домангир...
Ромиз ҳам ба сигареткашӣ шурўъ кард, вале ҳеҷ тоқат карда натавониста, сигарет дар даст шараққос дари директорро кушода даромад. Ва ҳайрон шуд. Директор пурташвиш ва парешон не, балки хандон буд ва дар наздаш ҳамон марди парзадарў, ки лаҳзае пеш ўро дар кабинети сармуҳаррир истинтоқ карданӣ буд, нишаста чизе мегуфт ва Алиев механдид.
— Андак! – гўё Ромизро аз даромадан боздоштанӣ шуда гуфт ў.
— Ҳамин? – ба он марди парзадарў ишора карда пурсид Ромиз, – Комиссияат ҳамин? – гуфт Ромиз ва аввала барин дарро шараққос занонда пўшида баромада рафт ва аҳд кард, ки дигар ҳеҷ гоҳ ба ин идора барнагардад. Вале аз ошёнаи якум баргашта боз ба идора даромад ва дид, ки ҳоло ҳам Қодиру Нодир он ҷо баҳс мекунанд ва баробари даромадани ў «Чӣ гап? Чӣ гап?» гуфта аз ҷо хестанд. – Ини очаи аризабоз гап! – онҳоро ба ҷояшон нишонд Ромиз ва аз ҷевон коғаз бароварда навишт:
«Ба раиси Комитети телевизион ва радиошунавонӣ Б. Шарофов, аз сарреж Р. Рабиев.
АРИЗА...
Ва фикр кард, то чӣ нависад. Ҳамту оддӣ навишта маро аз вазифа озод бикун, гўяд ва ё тамоми ҳамоқати ўро дарҷ карда, аз ин бедодиҳо мегурезам, гўяд?
— Чӣ-чӣ? Чӣ навиштан мехоҳӣ? – баланд шуда гуфт Қодир.
— Баччаи шикояту ананимканавис мурад, менависам, – сангро санг мешиканад, гуфтагӣ барин, сахт омад Ромиз.
— Нағз! – ба ҷояш фурў нишаста ва аз саволаш пушаймон шуда гуфт Қодир.
Ва Нодир ба Ромиз нигаристу ба Қодир. Гўё ў чизеро медонист ва фақат рамуз мегирифт.
Қодир боз ўро парешонтар ва асабитар кард. Ва ў бо сигарети оташдораш байни варақи аризаро сўрох ва баъд онро байни чангол маҷақ карда, бархеста онро ба қуттии пушти дар партофт ва девонаавзоъ баромада рафт. Мошинисткаҳое, ки дар хонаи берун менишастанд, аз ин рафтори ў дар ҳайрат монданд. Дар ҳақиқат имрўз ў на актёр буд ва на режиссёр, балки як нафар ваҳшие ме-
1 намуд, ки ўро ҳамчун Тарзан аз ҷангал дошта оварда, туро одам мекунем гуфта, фирефта бошанд ва ў аз ин одамҳо дилаш монда, тарк гуфта, боз ваҳшисурат ба ҷангал баргашта бошад, аз дари
- Ишора ба филми «Марги Тарзан»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор