Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Мулло-амак пурдида, вале масъалаҳои юридикӣ. Устоди бузург метавонанд бо як сухан ҳамаи ин корҳоро басанда кунанд, лекин хуб нест, он касро ташвиш додан хуб нест...»
— Мулло-амак!
— Лаббай, баччем!
— Маро Маскав меравӣ мегўянд, – тамоман гапро дигар кард ў, вай дар бораи корҳо ва мағалҳои телевизион гап зада, маслиҳат гирифтанӣ буд. Яке аз даҳонаш ин гап баромад.
— Хуб, баччем, чӣ гап будааст?
— Рўдакиро тайёр бикун, мебарӣ, мегўянд.
— Хеле хуб. Рўҳи Рўдакӣ мададгорат. Ин пири хирадро дар Мағрибу Машриқ шиносанд, худаш мадад мекунад, баччем...
— Мулло-амак!
— Лаббай, баччем...
Аз ин ҷавоби пирамард Ромиз даступо хўрда ва боз гапашро гуфта натавонист.
— Дарде дорию гуфта наметавонӣ, чӣ гап?
Фарзон фиғон бардошт, гўӣ ин корро қасдан кард, ба падараш мадад расонданӣ ва ўро аз хиҷолат озод карданӣ шуда, фиғон бардошт. Пирамард бо ў банд шуд ва Ромиз гумон кард, ки вай ин масъаларо фаромўш кард. Вале ҳамин, ки гаҳвораро ҷунбонда ва момоён барин алла гуфта, ўро хобонд, боз ба гап даромад:
— Хўш?
— Дар корхона мағал, кас зиқ мешавад.
— Ба ту чӣ? Дахлаш ҳаст?
— Дахлаш нест, вале ба пои ман часпонда истодаанд.
— Чӣ хел?
— Кадоме аз рўи калонамон ба боло навиштааст...
— Ин чиз ҳоло ба мўд даромадагӣ, баччем, – гапи ўро бурида гуфт пирамард, – «саводнок» бисёр. Гапатро буридам. Хўш?
— ...Кадоме навиштааст, вале калон аз ман медонад.
— Дар роҳат рост?
— Рост.
— «Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба ҷаҳон.
Сарв агар хушк шавад, боз асо мегардад».
Дар бесадо ва бехабар кушода шуд. Ҷаҳоноро даромад. Ромиз бархоста як қадам пас рафт ва ба таври худ ба ў роҳ дод, то рафта бо пирамард вохўрӣ ва пурсупос кунад.
— Биё, гулам, биё, ҷонам, – гуфта ва дастонашро пеш ёзонда аз ҷой ковок шуд пирамард.
— Шинед, дадаҷон, – гуфта пеш омад, даст дароз кард, вале аз Ромиз шарм карда, набўсид, балки пирамард дастонашро сўи каллаи ў дароз ва лабонашро нўл кард, ки аз пешонии ў бўсидан мехоҳад. Ҷаҳоноро як хам шуда пешониашро ба лаби вай бурд ва зуд худро пас кашида:

пешина
аз 428
навбатӣ