Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Оям куҷо? – пурсид.
— Ҳамроҳи келинаш ҳаммом рафт...
Дар байни гапҳо, муносибату рафторҳои онҳо дили Ромиз бозӣ мекард. Ногаҳонӣ омадани Ҷаҳоноро Ромизро ба васваса андохта буд.
— Бишин, – пирамард хоҳиш кард, вале ҷаҳоноро чӣ кор карданро надониста рост меистод, – ё чой мемонӣ?
— Ҳа, – сар ҷунбонд ў ва аз ҷон хуштар ба ошхона гузашт; дар назари аввал «аз ҷон хуштар», вале дар асл мехост, ки бо Ромиз танҳо ба танҳо бошад, гап доштагӣ барин. Ва Ромиз ҳам гумон дошт, ки ў аз воқеаҳои телевизион набояд бехабар бошад.
Вале чун аз дар баромад, маълум шуд, ки омаданаш сўҳбатро пароканд ва онҳо чӣ гуфтанро надониста хомўш монданд. Ромиз фикр мекард, ки барояд ё истад. Мулло-амак чӣ мегуфта бошад?
Ў низ чизеро аз хаёл мегузаронад. Ромиз хаёли ўро дарёфта натавонад, вале ба ҳар ҳол фикр мекунад, ки Ҷаҳоноро хушрўйтарин ҷавонзан аст, гарчӣ худи ў гўяд, ки як ваҷаб қадаш пастӣ кунад.
Паст не, миёна ва аз ҳама хубаш ранги пўсташ ва Ромиз ба ранги гандум монанд афтодани пўстро аввалин бор ин қадар равшан мебинад ва махсусан вақтҳое, ки Ҷаҳоноро зираи нуқрагуни аз модараш ёдгор мондаро ба гардан овезад ва овезаҳои он ба сари синаи баланди ў хобида ҷило диҳанд, боз ранги занак хушнамотар шавад. Ромиз инро дар мағз-мағзи ҷонаш қабул ва хуш кардааст, аммо гуфта натавонад. Як чиз ҳаст, ки ўро ҷониби Ҷаҳоноро тела диҳад, вале худаш аниқ ва равшан надонад, агар нағз дидан бошад, – нағз дидан, вале аниқ не, барои худаш аниқ бошад ҳам, Ҷаҳоноро ин чизро пай намебарад, барои ҳамин дили Ромиз он қадар шод нест, ишқ ва ҳама кори ҷаҳон, ки тарафайн нашуд, оқибат надорад. Ромиз баъзан аз номеҳрубонии Ҷаҳоноро хафа ва дилтанг мешавад, ки чаро ин занак таги дили ўро намефаҳмад ва дил чизе нест, ки канию рўи каф дошта ба касе пешниҳод кунӣ.
Ин кор кори ҷарроҳон аст, вақте ки дил аз хизмат саркашӣ кунад, маҷбуранд, ки онро ҷарроҳӣ кунанд, вале касе кафолат надиҳад, ки дил баъди ҷарроҳӣ асли қадим хизмат кунад. Дилу шиша чизҳое бошанд, ки баъди шикастан пайванд нашаванд...
Ҷаҳоноро чой дам карда овард, дастархон кушод, чой гардонда як пиёла ба пирамард ва як пиёла ба Ромиз дароз кард, вале худ нанўшид, ки вақти ҳўрт кашидан чой дар гулўяш қуртӣ кунад, шарм медорад. Ва ў боз чизеро андеша кард, ки ба хонаи дарун даромад. Ҳаял кард.
Дили Ромиз барои ў гум зад, бисёр хост, ки Мулло-амак ўро ҷеғ зада барорад, вале пирамард ба чӣ хаёл рафта буд, ки сархам меистод ва судур мерафт. «Ўро чеғ занед, Мулло-амак!» дили Ромиз фиғон баровард, вале садои онро ҷуз соҳибаш касе нашунид.
Ў ду бор сурфид, се бор сурфид, то Мулло-амак ба худ омада ва пай бурда Ҷаҳонороро ҷеғ занад ва ё худи ў аз сурфаи Ромиз рамуз гирифта барояд.

пешина
аз 428
навбатӣ