Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Директор боз сухани касеро интизор буд. Аз байни одамон чашмонаш касеро меҷуст. Ва ғайри чашмдошти ў дасте боло шуда садои «Мумкин» баромад.
Директор гулў равшан кард ва ба раиси маҷлис нигарист, маънии нигоҳи ўро «раис чӣ мегуфта бошад?» фаҳмиданд, аммо сурфаи ў чӣ маънӣ дошт, касе нафаҳмид. Парторг Пир Азимов барин марди росткору ростқавл аст ва шояд барои ҳамин директорро дилаш об нахўрад ва шояд бо вай маслиҳат ҳам накунад.
— Марҳамат! – рухсат дод раиси маҷлис ва Ромиз бархеста назди минбар рафт: вақте ки ў вазнин қадам зада мерафт, толор ба ҷунбиш омад ва ҳамин ки ба сари минбар шуд, толор ороми ором гашт. Ў андаке хомўш истод, гўё диққати ҳамаро рабудан мехост. Аз сина боло аз сари минбар баланд буд. Ў фикр мекард, артистона буд рафтораш. Вале чашмаш афтид, ки занҳо ба бехи гўши якдигар хам шуда чизе гуфта ба Ромиз менигаранд, аз ифтихор «гап намеёбад» мегуфтанд.
— Хуб шуд, ки баъзеҳо аз хусуси режиссура гап заданд, – сар кард ў, – коргарҳои мо ба ин чиз сарфаҳм мераванд. Ва вазифаи телевизион ба ғайр аз воқеоти рўз боз чизҳои хубу аъло нишон додан аст ва бо ин роҳ халқро бояд тарбия кард. Аммо ду бангиро ёфта гирифтаем, ки «дуруст»-ро «тўғрӣ» ва «дузд»-ро «ўғрӣ»
гуфта ҳама чизро ҳамвора бозӣ мекунанд. Мазҳака ҳам, фоҷиа ҳам барои онҳо бетафриқа. Гўр сўзаду дет ҷўшад. Баъд ба бало мондагӣ режиссёр. Як мошин поруро дар замини зояк андохтем ва интизор шудем, ки кай сабза мерўяд, вале фаромўш шудааст, ки пеш аз пору рехтан тухмие бипошем.
— Шумо дуруст-дуруст гап занед, – аз ҷунбиши толор чизе фаҳмида гуфт Алиев. – Шумо ин ҷо ҳамаро «дузду ўғрӣ» гуфтед ва боз порую мору гуфта истодаед, этика канӣ? – сахт гирифт ў.
— Мебахшед, ман гапамро гуфта шавам, шумо ҳам гўед.
Маълум мешавад, ки гапро лўб-лўнда гуфтан дуруст аст. Барои намоиши хуб аввал материал – сюжет ва баъд актёру режиссёр лозим. Бе программа, бе китоби дарсӣ муаллим ба талабагон дарс гузашта наметавонад...
Директор ба раиси маҷлис ишора кард, ки ба ў сухан диҳанд.
Ҳамин тавр ҳам шуд.
— Рафиқон, ҳамаи мо одам ва моро одам зоидагӣ...
— Шубҳа мекунем! – овоз омад аз зол.
— Кӣ?
— ... Кӣ шубҳа мекунад?.. Наход, ки ҳамин ҳам исбот талаб кунад? Ва исбот лозим бошад, исбот ҳам мекунем. Вале ҳаминро баъзеҳо намефаҳманд...
— Кӣ? – боз савол омад.
— Мард бошӣ, хеста савол те ва дигар ин ки ҷои савол не, ба ҳама маълум... Аз ҷиҳати режиссёрӣ суст гуфтани баъзеҳо чунин маънӣ дорад, ки одамон бо кори худ машғул нашуда, бо аризабозию ананимканависӣ саргардонанд.

пешина
аз 428
навбатӣ