Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

О, ба ҷои ин коратро ёд гир...
— Масалан? – боз савол омад.
— Инро гўсолаи амма ҳам медонад. Наход, ки дар як идора кор карда рафиқи худро нашиносед?
— Шаф-шаф ба шумо намезебад, муаллими азиз, – бархест Қодир, – шафтолу гўеду монед, номашро гиред.
— Номаш ба ҳама маълум. Вай кас ҷиннинамо, ҳатто духтурҳо омаданд, ки ба Кўктош баранд, боз худамон намондем. Ваъда додем, ки худамон тарбия карда, одам мекунем.
— Баччаи одамро, касеро, кӣ одам зоидааст?
— Ҳа...
— Ғалатӣ.
— Масхарабозӣ ҷой дорад, рафиқон! – боз қалам ба обгина зада ва каме ковок шуда гуфт раиси маҷлис.
— Боз шумо мегўед, ки ба ҷавонони имрўза дарси адаб лозим не, э, ба инҳо адабчўб лозим, чўби хордор лозим, то ки хораш картӣ карда халаду «вой буваҷон!» гуфта ба худ оянд... Ҳамин хел, рафиқ парторг, – ба раиси маҷлис нигоҳ карда гап мезад ў ва ҳоло ба аҳли толор рў овард. – Ҳамаи шумо таърих хондагӣ, дар ин ҷонвари таърих чӣ гапҳое ки нест, лекин оқибаташ чӣ, ҳар одамон ман-манӣ карданд, ки... Лекин оқибаташ – фўсс! А?..
Инро кӣ намедонад?
— Шаф-шафа бисёр кардед-дия, муаллими азиз! – боз нимхез шуда гуфт Қодир.
— Модоме ки намефаҳманд, фаҳмондан лозим...
— Ба гўши хар азон гуфтан фоида надорад, муаллими азиз!
Нотиқ ба раис нигарист. Ў аз ҳайрати нотиқ мазмун гирифт, ки бархест ва ба ишораи сар шинед гуфт. Қиёфааш гирифта буд, дар дилаш чизеро ғунҷонида наметавонист. Мазмун, нафрат ҳам дошт. «Масхарабозӣ» аз дил гузаронд ў ва ба худ омада дид, ки ҳама ба ў менигаранд.
— Барои хондани қарори маҷлис сухан ба Галина Михайловна дода мешавад.
— Маҷлиси фавқулоддаи кушодаи партиявӣ чунин қарор мекунад.
а) Сифати намоишҳои телевизион беҳтар карда шавад.
б) Кори саррежисёр ғайриқаноатбахш ҳисоб ёфта, ба ў выговор эълон карда шавад.
в) Дар студия маҳфили «Дарси адаб» ташкил карда, ба беадабон адаб омўхта шавад.
— Раҳмат, шинед... – ба Галина Михайловна рў овард раиси маҷлис, – каму зиёд ё илова мекардагиҳо ҳастанд?
— Мумкин? – даст бардошт Қодир.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор