Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Магар аҳволи Ромизро ҳам фаромўш кард, ки чашмонаш ало-було шудан гирифтанд, қиёфааш ба гапаш мувофиқат намекард, бештар ба пўписа наздик буд.
— Чӣ хел маҷбур мекунӣ?
— Маро ба СК ҷеғ заданд, баёнот додам, – гуфту даст афшонда рафтанӣ шуд, вале боз истода. – Ту бегуноҳ, Ромиз, тамоман бегуноҳ, ҳолӣ худашон фаҳмида пушаймон мешаванд. Хафа нашав,
– гуфту рафт.
Ромиз ҳайрон монд, надонист, ки равад ё аз паи Нодир шавад, ки гапаш чӣ маънӣ дошт. Ў худро хеле хаста ҳис кард ва ба ягон тараф рафта натавониста, дар хараки сари истгоҳ нишаст.
Дер нишаст. Коргарҳо гузашта рафтанд, ҳатто Қодир ҳам, вале Нодир ҳамроҳаш набуд,
— Ҳа? – аҳвол пурсид Қодир.
— Ҳамту... Нодирро надидӣ?
— Не.
— Туро пурсида,ба студия даромада буд.
— Не, надидам, – саросема ва хеле беқарор, суст гашта, паҳлўи ў нишаст.
«Волга»-и идора гузашт. Нодир даруни он буд.
— Ана! – даруни «Волга»-ро нишон дода гуфт Ромиз.
Қодир парида хест ва ҳамон зайл шах шуд, то ба гардишгоҳе хам хўрдани мошин «да... да... да...» гуфтан гирифт ва гўё мадори пояш намонда бар харак фурў нишаст, суст шуд, арақ кард.
— Чӣ гап? – ғами худро фаромўш карда пурсид Ромиз.
«Да-а-а...» Чиҳоро фикр карда мегуфт ў «Харашо...» Хулосаи андешаҳояшро ифода кард. Вале Ромизи пурбардошт ба андешаҳои ў халал намерасонд. Як назар чашмаш афтид, ки офтоби суп-сурх оташ гирифта дар охири ин кўчаи рост фурў меравад.
— Пагоҳ рўзи нағз мешавад, – гуфт Ромиз чашм аз офтоби зебо ва чашмрабо наканда...
— Ҳа, ҳар рўз нағз, лекин барои кӣ нағз ва барои кӣ бад...

10

Якбора хуни Ромиз тез шуд ва рў зад, ки мисли офтоби ғуруби дирўза сурхи сурх шуд ва чунон ки офтоб абрҳоро ҳам сурху арғувонӣ карда буд, ба назар ранги куртаи сап-сафедаш низ сурхча гашт, вале ў ин тағйиротро намедид, фақат эҳсос мекард, ки тафсидааст ва дар вуҷудаш қуввае ҷой шуда, ўро бардор медиҳад, меангезад, беқарор мекунад. Орзуҳое, ки як вақтҳо дар дили ў тухмӣ кошта буд, ҳоло неш мезананд. Дар ин миён, ки кору бораш дигар шуд, мағалу ташвишҳо то андозае муборизаи ўро пахш карда буданд, вале ҳоло оташ гашта, аланга зада боз ўро гарм карданд.
Ва баъди маҷлис бо касони бадхоҳ фикран сад бор задухўрд карда, дастогиребон шуда ва гуфта шунидааст, сад бор.

пешина
аз 428
навбатӣ