Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Директор ба парторг нигарист, вале парторг ба ў, аҳамият надода «Мумкин» гуфт.
— Чӣ хел мешавад? – ҳайрон буд ў, – Мо дар рафти маҷлис ягон бор ҳам номи режиссёрро нагирифта, якбора ба вай выговор эълон мекунем.
— Чӣ хел? Ҳамин қадар гуфтам-ку! – ба ҷои раиси маҷлис ҷавоб дод директор.
— Мо ҳам гўш дорем, лекин ягон бор номи ўро нашунидем.
— Шуморо нафаҳмидем, Қодир Каримович.
— Хайр, мана коммунистон нишастаанд, худашон гўянд!
— Рост-дия... – Кӣ буд, Қодир нашинохт.
Муҳокимаю мунозира нав сар шуд. Вале хеле бетартиб ва мағал буд. Парторг ҳарчанд қалам ба обгина мезад, садояшро касе намешунид.


Ў бо канори роҳ мегардад. Гумонаш, ҳама аз маҷлиси имрўза воқиф буда, ба ў нигоҳ мекунанд. Инак ў на чун актёр, балки ҳамчун аризабоз «шўҳрат» дорад ва ҳар гоҳ аз рўи касе аризаю шикояти беимзо равад, гумон кунанд, ки кори Ромиз аст.
— Ромиз! – садо омад аз он тарафи роҳ ва ў гумон кард, ки гўшаш садо дод, нигоҳ накард, – Ромиз! – боз такрор шуд овоз ва ў ба он тараф нигашт. Нодир хандида ба ў менигарист. Чунин ханда Ромизро бад расид. Чӣ дашноми баде, ки медонист, дар дил такрор кард ва боз сархам рафтан гирифт ва ҳатто хайрон ҳам нашуд, ки чаро бе ҳеҷ гап яку якбора ўро ин қадар бад дид.
— Маҷлис тамом шуд, Ромиз? – тохта омада пурсид. Вале Ромиз ба ҷои ҷавоб ба ў сахт нигарист.
— Чӣ шуд? – боз пурсид Нодир.
Ромиз ҷавоб надод.
— Тобат не?
Ромиз боз ҷавоб надод. Раги гарданаш гирифт. Нодир мехост ўро дошта асли гапро пурсад, вале дар дил «Ҳа-а, сирр фош шудааст» гуфту сари роҳи Қодир истод, вале боз тоқат накарда тохта омад.
— Ба ту чӣ, ки хафа мешавӣ, Ромиз?
— Чӣ, ба ман чӣ? – аз ин савол барои худ маъние гирифта, бозистода пурсид Ромиз.
— Дар ин корҳо шарик набошӣ?
— Дар кадом корҳо?
— Дар корҳои маҷлис... Чӣ гуфтанд дар маҷлис?
— Чаро худат иштирок накардӣ?
— Ман аз ҳисоби он ҷо рафтагӣ, лекин хоҳу нохоҳ баргашта меоям. Маҷбур мекунам, ки баргашта гиранд... Ман ҳамту намемонам!

пешина
аз 428
навбатӣ