Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Не, ҷавоб нест. Ҳоло ман ба шумо гапи зиёд дорам... Медонед, ки инҳо чӣ хел хабис будаанд?
— Медонам.
— Не, намедонед... Худоё худовандо, дар паноҳат нигаҳ дор!
– гиребон гирифт директор.
— Чӣ гуфтед? – ба маъние, ки директор «худо»-ро ба забон нагиред, мегуфт, ишора кард.
Директор сурх шуд ва хатояшро фаҳмида «саҳв шуд», – гуфт ва афзуд:
— Ман дар назди шумо шарманда. Шумо – оқил, маро бахшида метавонед... Баъд ҳамаашро мегўям.
— Не, домулло (қасдан гуфт ў), дигар поям остонаи ин даргоҳро зер накунад.
— Э, ин хел нагўед, мо аз шумо умеди калон дорем, дирўз раис ҳам гуфтанд, раис шуморо нағз мебинанд.
— Ҳа-а! – ҳарфи дўстдоштаашро такрор кард Ромиз. – Ташаккур...
Директор бархест ва боз хам шуда тугмачаи дар таги мизаш шинондаро пахш кард. Котиба дар кушода даромад.
— Касе пурсад, «нест» гўй, даромадан намон.
Котиба «хўш» гуфта рафт.
Директор ба ҷои худаш не, балки чун каси наздик ва ҳатто ҷўра дар курсии рў ба рўи Ромиз нишаст.
— Ман ҳам чандон ҳезалак нестам, ки аз ҳар кас узр пурсам.
Ман кӣ будани шуморо медонам, Ромизҷон... Ҳамааш маълум шуд.
— Барои ман фарқ...
— ... надорад. Медонам, дахл ҳам надорад. Медонед... Аа, ҳамааш кори ҳамун ҷўраҳо будааст...
— Шояд...
— Шояд не, рост. Не, ғалат кардам. Кори якеи онҳо. Шумо ҳамчун дўстам, ҳамаашро мегўям, – андаке ором шуд, то Ромиз чӣ гўяд, вале Ромиз эътиборе надод. – Қодир! Ҳамааш кори Қодир будааст.
— Аа? – як қад парид Ромиз.
— Ҳа, рост. Боз ҳамаи инро кӣ омада гуфт, гўед: Нодир.
— Бовар намекунам.
— Ҳамаи гап ҳам дар ҳамин, ки касе бовар намекунад. Ман ҳам бовар намекардам. Вале Нодир «Модарбазино бошам, ҳамааш кори Қодир» гуфт. Маро ҳам шарик карданӣ буд, гуфт, ман розӣ нашудам, худаш кард».
— Ба Нодир чӣ?
— Нодир гашта ба ҷояш омаданӣ. Ҳамун ҳам бо иғвои Қодир рафта буд. Ин чизро фаҳмида, қасос гирифтанӣ.

пешина
аз 428
навбатӣ