Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Ҳа-а-а, – аз директор не, аз онҳо ранҷида абрў чин хард Ромиз, баъд нафраташ омада «тфу!» гуфт ва ба аризааш ҳам нигоҳ накарда баромада рафт.
Директор гумон кард, ки ҳамин замон рафта дарро кушода Қодирро гиребонкаш назди ў меорад, барои ҳамин тохта аз пасаш баромад. Вале Ромиз берун рафт.
— «Ҳа-а!» – мегуфт ў ва ғур-ғуркунон ба тамоми бедодиҳо, пастигариҳо, нокасиҳо, номардиҳо нафрат хонда, ғазаб кард, ки пеш аз ин ҳам чӣ қадар одамон ба тўҳмат нобуд шудаанд. Ғазаб кард, ки шарафи одамӣ намондааст...
Ў аз даромадгоҳи дарвозаи студияи телевизион ба кўча баромада ангу манг монд. Раги пояш кашид ва ба чашмонаш бовар накарда, ҳо ба он тараф нигоҳ кард: Қодиру Нодир. Мегуфтанду механдиданд. Шикамашонро дошта хаму рост мешуданд. «Аҷаб!..
Бандаҳои бошууратро гардам» ҳайрон буд ў ва нигоҳ мекард, ки онҳо боз чӣ корҳо кунанд: мегуфтанд, механдиданд, вале Ромизро торик буд, ки чӣ гуфта, ханданд. Яқин, дар бораи директор ва баъзе корҳои телевизион ва ё дар бораи «мазҳакае», ки ҳар ду сохтаанд. «Наход! Наход ки... Не! Мумкин не...! Аз ақл берун.
Фоҳиша ҳам ин корро накунад...» Ромиз, ки ҳамон тараф рафтанӣ буд, оҳиста-оҳиста қадам зад. Ва онҳоро, ки қариб дар ҷояшон қадам монда, гап мезаданд, расонд.
— Э!
— Э!
Ҳар ду ҳам баробари Ромизро дидан садо бароварданд. Вале нигоҳи ҷиддии ў ба оташи фурўзони онҳо об зад. «Чӣ гап? Чӣ гап?»
– пурсиданд. «Ҷал...» фармуд Ромиз ва роҳашро давом дод. «Ў, ту чӣ гуфсодӣ?!» дов кашида омад Қодир. «Ў, ту чӣ гуфсодӣ?!» такрор кард Нодир. «Модарам занам шавад, рўдаю рўбчакатро дармеёрам!» дўғ зад Қодир. «Модарам занам шавад, рўдаю рўбчакатро дармеёрам!» такрор кард Нодир. «Г... хўрда наметавонӣ! Тавонед, якдигарро чок кунед!» – гўён гузаро шуда рафт. Қодир китф дарҳам кашид, Нодир ҳам такрор кард. Ҳайрон буданд онҳо.
Ромиз надонист, ки аз пасаш чиҳо гуфтанд. Вале яқин мекард:
«Ин пуштӣ (касеро, ки бад бинанд аз ҳамин сар кунанд) чӣ ин қадар боло меравад. Вай кӣ ҳаст, вай чӣ ҳаёт? Вай гўҳ нест! Беҳуда директор чап нагирифтааст» гуфт Қодир. «Ҳа-ҳа, вай саге нест, худо якта бошад, ба як мирӣ арзад. Дидӣ, чӣ хел моро ҳақорат кард, чӣ хел моро...» меангехт Нодир, вале Қодир сухани ўро мебурид. – «Не-не, ман ҳамту намемонам!» – «Ҳа-а-а, ман ҳамту намемонам!»
Ромиз рафт. Ба пасаш нигоҳ накарда рафт. Ў ният дошт дигар ба ин даргоҳ барнагардад. Мутаассир буд. Ба тухми одамӣ нафрат мехонд, гўё ки аз ягон сайёраи дигар омада бошад, гўё ки пеш аз ин одамро надида бошад ва намедониста бошад, ки одам чӣ маънӣ дорад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор