Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Одаму дам. Як умри кўтоҳ. Аз ин рў кас дар чунин лаҳзаи даргузар некӣ карда натавонад, кўшиш кунад, то кори «аз дасташ омадаро» бикунад...

12

«Орзуи уқоб, ки дар фазо бимирад, орзуи актёр, ки дар саҳна».
Вақтҳои охир ба Хуршед чунин мегуфт Ромиз. Вале Хуршед сухани ўро ба таври худ фаҳмида «Ин ба маҳорати драматург вобаста,
– мегуфт. – Қаҳрамонро кушта тавонад» актёр сад бор бошад ҳам, мурдан мегирад». – «Рафту дилаш кафида мурад?» – аз ин мавзўъ дур намерафт Ромиз. – «Агар ҳамин хел драматург ба дунё ояд»
– механдид Хуршед. – «Ин ҷо драматург чӣ дахл дорад?» – ба шўр омад Ромиз.
— «Охир шўру туғёну ҳаяҷони дилро кӣ тасвир мекунад?»
– сахттар мегуфт Хуршед.
Вале ҳоло чунин гапҳо нафорад. Ромиз банд аст; худаш ҳам банд, хаёлаш ҳам. Рафту рўзҳои дар Маскав буданаш Мулло-амакро «бикўч» гўянд, мўйсафед азоб мекашад. «Ба Хуршед мегўям, ташкил мекунад» гўё илоҷ ёфт Ромиз ва акнун бояд масъалаҳои дигарро ҳал мекард. Барои ў дигар телевизион вуҷуд надорад.
Рафт, тамом. Ба аризаи ў имзо карданд ё на, фарқ надорад. Зеро ў баъди чунин «намоиш», қариб дар шаҳр набуд. Ҳамроҳи адибон ба сафарҳо ва рўзҳои даҳаю ҳафтаҳои адабиёти советӣ ба дигар республикаҳо мерафт. Рўзафзун шўҳраташ боло мегирифт. Ва тани танҳо барои як гастрол бас буд. Ва то ҷое расид, ки агар дар нўшбоди маҷлисҳо намояндагони республикаҳои бародар «Мо ин дорему мо он дорем» гуфта беҳтарин чизҳояшонро пешкаш кунанд, намояндаҳои Точикистон «Мо Мирзо дорем, мо Ромиз дорем»
мегуфтанд. Ин гапро фақат режиссёр не, сардори фиристодагони адабиёту санъат не, балки сарвари мо, роҳбари партияю халқи мо гуфт. Вале бинии Ромиз бод нагирифт. Ў ду ифодаву садои дўстдоштаашро такрор мекунад: «Ҳа-а ё да-а...» Худ донад, ки ифодааш чӣ маънӣ дорад.
Ў бо шеърхонӣ қаноат накард: Рўдакиро хонад, нақшҳои қаҳрамонони «Шоҳнома»-и Фирдавсиро бозӣ кунад... Рост, ў на фақат хонад, балки хонда, бозӣ бикунад. Актёр. Чунон хонад ва чунон адо бикунад, ки худи муаллиф он қадар расонида натавонад.
Ромиз ба бисёр шаҳрҳо рафту омад. Вале ҳавлии Мулло-амак ҳоло ҳам дар ҷояш. Дарахтҳо кам шудаанд, мўрии хонаи ў метобад. Чандон хонаи бодабдаба не. Рост, вагончаҳое, ки дар гирду атрофи ин хона барои прорабу бригадиру устоҳо гузоштаанд, аз ин хона зеботар тобанд. Як лаби девори ҳавлӣ гашта ба ҷояш симтўр кашидаанд. «Кадом тиррончак фармон додааст, аз комиҷроия, булдозерчӣ нархи сабзию пиёзро напурсида, якбора фўки паҳлавонашро ба девор рост карда тела додааст», – ҳикоят мекунад Мулло-амак вақти бо Ромиз дар сари дастархон нишастан.

пешина
аз 428
навбатӣ