Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Лекин чинор чӣ мешавад? – пурсид ў.
— Мегўянд, ки чинорро буррӣ, фарёди талху тунд кашида аз ғўлааш қатра-қатра хун чакад.
Вале Ромиз ба ин гап чизе нагўяд. Сукут варзад...
— Чӣ гап намезанӣ?
— Чӣ гўям? Ҳама қиссаҳо бо ин чинор вобаста, лекин шумо давомашро намегўед...
— Кадом давомаш?
— Қиссаи Ёдгораро...
— Ёдгора мурд...
— А?! – фарёд зада хест Ромиз ва ҳамон зайл шах шуда монд.
Мулло-амак сар хам кард, гўё ҳамаашро фаҳмид. Баъд чашм боло накарда, бо ишораи даст Ромизро «шин» гуфт. Вале Ромиз нанишаст. Ў ҳайкал шуда буд. Як фарёди талх то гулўяш ғулғула карда омад: «Не-е!!», вале ў ёрои дод задан надошт. «Шин»
– ишора кард Мулло-амак, вале ба ҷои нишастан, дили Ромиз аз танаш баромада оҳиста дарро кушод ва бараҳна, хунолуд, гарм аз байни одамону мошинҳо гузашта то дарвозаи Ҷаҳоноро ғелон шуда, ба гарду хок оғушта рафт. Худро ба дарвоза зад, вале аз зарби ин дили нарм садои дарвоза барнаомад. Вай ба таги дари Ҷаҳоноро рафт. Ҷаҳоноро онро дид, вале нашинохт, ягон гамбуски хоколуд гумон карда зътиборе надод ва ҳамон вақт дили Ромиз аз карда пушаймон шуд.
— Чӣ хел? – оҳиста пичиррос зада фурў нишаст Ромиз.
— Чӣ, чӣ хел? – пурсид Мулло-амак.
— Чӣ хел одами солим якбора мемурдааст?
— Ана ҳамин хел... Сари фарзанд рафт.
Ромиз боз фарёд зада хест.
— Ту чӣ, девона шудаӣ? – гуфт пирамард.
Ин гап ба Ромиз сахт нарасид, вале ба назараш расид, ки Мулло-амак пой бароварда, рост шуда хест ва дасташро қулочкаш пушт бурд, ки кашидаю кушода ба бари рўи ў занад. Аммо ба ҷои шаттаи сахт як овози шикаста ва насиҳатомезро шунид:
— Бишин, одам сабук намешавад.
— Не, Мулло-амак, не, Мулло-амак! – мегуфт Ромиз. Гўё худи ў вуҷуд надошт, балки рўҳаш бозиву ҷонканӣ дошт. Ва Муллоамак дид, ки бар рухсораи Ромиз ашк шорид. Аммо худи Ромиз ин чизро ҳис намекард.
— Дунёро нигар, қисматро бин: модар сари фарзанд рафт, духтар ҳам...
Ромиз занона овоз андохта мегирист, баъд ҳиқ-ҳиқ кардан гирифт. Ва дар зери ашк хаёл мекард, ки ба қабристон рафта, гўри ўро ёфта, хоки тўби онро оғўш карда зор-зор бигиряд ва барнахезад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор