Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Ту чӣ, ўро мешинохтӣ? – хаёли ўро гурезонд Мулло-амак.
— Киро?
— Ёдгораро?
Ромиз ҳушёр шуд. Баъд ҳайрон монд, ки пирамард чиҳо мегўяд.
Чӣ хел намешиносад. Чанд бор дар ҳамин хона рў ба рў нишаста буданд, чӣ хел нашиносад?
— Не, ту ўро надидаӣ...
Ромиз як қад парид, андаке сар пушт бурд.
— Ҷаҳонороро?
— Не, Ёдгораро.
Фақат ҳамин вақт Ромиз пай бурд, ки Ёдгора дигар кас аст ва Ҷаҳоноро каси дигар. Оҳи сабук кашид... Сар андохт, ки Мулло-амак ба чунин рафтори ў чӣ мегўяд. Феъли тоҷикон бад: «Ба духтари ман чашм ало кардӣ», гуфта, пеш карданаш мумкин. Вале Мулло-амак ба ин чиз аҳамият надод, гўё аз ишораҳои Ромиз чизеро пай набурд. Баръакс ёди ўро кард:
— Бечора, духтарам, хушбахт нашуд. Баччаи нағз, гуфта ба ў додам, ана оқибаташ... Аз мани бепо ҳам ғарибтар, фалаҷ шуда хобидааст, боз дирўз ба касалхона бурдаанд...
Ромиз сокит аст, худро ором мекунад, вале дилаш ғулғула дорад. Ҷаҳонороро дидан хоҳад; худи ҳозир, ҳатто дар сари ҳамин сўҳбат дидан хоҳад, то Мулло-амак ба ў гўяд, ки Ромиз барои ту шуда гиря кард, гиряи оддӣ не, чунон гирист, ки мисли кўдаки аламзада ҳиқ-ҳиқ кард. Вагарна ў дўстдории Ромизро осон пиндорад, мисли суханҳои дигар мардон, ки ба зани дучоромада гуфтан гиранд. Шояд зани зебо – Ҷаҳоноро ҳам чунин гапҳоро кам нашунида бошад...
13
Режиссёри номдор дигар ўро суроғ накард. Гап-гапи филмбардорӣ ҳам нест. Аз ин рў Ромиз зўр ба моноспектакл дода, хоҳад, ки Рўдакии комил бошад. Варианти русии он такмил ёфт ва пурра шуд. Акнун дилаш пур, ки дар саҳнаҳои дигар ҳам намоиш додан имкон дорад.
Ў рўзҳои наздик меравад, вале хаёл дорад, ки ҳама корҳо нимбуд мондаанд. Ҳам кори режиссёрии телевизион, ҳам актёрии кино, ҳам кўчи Мулло-амак ва ҳам муҳаббати Ҷаҳоноро. Фақат ҳамин қадар имкон ёфт; ки қиссаи Мулло-амакро то анҷомаш шунид, вале анҷоми он саҳл монда буд, ки дилро аз қафаси синаи ў берун кунад.
«Ман фидои ту мешам, Ромиз» гўшаш садо дод, вале надонист, ки ин аз чӣ рў. Ҷаҳоноро нн хел набуд. сар баланд медошт, ғурураш паст намешуд, аммо яку якбора тайёр аст, ки худро пеши пои Ромиз партояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор