Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳммм... масхара кардан гир... Вақте ки мурдам, дар сари қабрам гўӣ, ки одами нағз буд, дигарон ҳам гўянд, ки олиҷаноб буд, талант буд... Ба гўши мурда садои нағора надарояд.
— Ту ё ба гапи ман медароӣ ё ҳардумон сахт ҷанг мекунем.
— Марҳамат, лекин ҷанг барои одам не... Тамоми дунё барои сулҳ мубориза мебарад, вале ту бо ман ҷанг кардан мехоҳӣ. Модом ки ду одам ҷанг мехоҳад, чӣ хел дар олам пеши роҳи ҷангро гирифтан мумкин аст?..
Соҳиб чӣ гуфтанашро надониста, аз миёни борики қадаҳ дошта, рўи миз давр занондан гирифт ва мушоҳида кард, ки шўълаи чароғ даруни қадаҳ рангинкамон сохтааст. Соҳиб чунин рангро дар рўи обҳои чашмаҳо, ки мурдоб шуда болояшонро равған мегирад ва баъзан дар рўи зарфҳои равғанини тар дидааст. Соҳиб ба қадаҳи Ромиз низ нигарист, аммо дар қадаҳи ў чунин ҳолатро.надид. Сонӣ касе аз таги манаҳд ў бардоштагӣ барин ба рўи Ромиз нигарист:
— Резам?
— Рез!
Соҳиб ба қадаҳи Ромиз арақ рехта шишаро муаллақ дошта пурсид:
— Хўш, барои чӣ менўшем?
— Барои муваффақиятҳое, ки ҳоло ба даст наовардаем...
— Яъне, барои мурғи бахт?
— Оре!
Як шишаи холӣ ба лаби мизи онҳо зада, ба фарши толор бархўрда шикаст. Онҳо як қад париданд. Садои ходимае омад, ки «бас-бас!» мегуфт. Ходима ду даст ба банди дили буфетчӣ гузошта, ўро ба пас тела медод, аз дарафтидан бозмедошт. Дар назди пештахтаи буфет ҷавоне рост меистод. «Бас, Саша, бас!» буфетчӣ
– Сафарро ором карданӣ мешуд ходима.
— Чорсаду дувоздаҳ мегўӣ, набошад чиро диҳам? – сўи ҷавон наъра зад буфетчӣ.
— Роҳро аҳмақ, роҳро! Бедўғу даранг! – кафида паи ҳам гуфт ҷавон.
— Нест, гуфтам-ку!!! – аз буни гўши ходима нигоҳ карда дод зад буфетчӣ.
— Ман илтимос кардам, ту дўғ мезанӣ. Гўё ки замон замони савдогару магазинчиҳо бошад.
— Ага не, замони кӣ? Замони ту? Ман дасти туро доштам, бикун, бихур...
— Чунон дўғ мезанӣ, ки олам дар ҳукми ту бошад.
— Ман ҳам ба идораи худут бирам, ҳамин хел муомила бикунӣ.
Ношиноса салом нагўӣ. Ҳама ҳамин хел...
— Ҳама ҳамин хел бошанд, ту чаро одам нашудӣ?
— Брав-брав! Насиҳатгар дорам.

пешина
аз 428
навбатӣ