Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Низ кўтоҳ посух медод Лоиқ. Зеро медонист, ки дувоздаҳ сол боз падарам оҷизу гаронгўш ҳастанд ва ҳарфҳойи пасту тўлониро намешунаванд.
— Хўҷаалӣ чӣ хел?
— Ҷўраатона фаромўш намекунед-а?
— Амаки ту, ҷўрайи ман.
— Ҷўретон фалаҷ... Хоб. Рафта намебинед?
— Чӣ хел рафта бинам? Ҳолама бин... Чиҳо дидему чиҳо кардем... Ана оқибаташ... Ба ҳаминаш ҳам шукр.
Лоиқ қиссаҳойи падарашу амакашу падари маро медонист ва дар даҳонаш ханда рўҳбардорӣ мекард:
— Ҳамаашро Сорбон навишт!
— Аз баройи худо? Не-е... Наменависад. Мумкин не навиштан...
— Чаро?
— Ту нависӣ мешавад...
— Чӣ хел?
— Ту – бебок, вай – бамулоҳиза.
Ману Лоиқ ба ҳам менигарем. Хомўшӣ ба миён меояд. Чашмони нобинойи падарам зери шишайи айнак кушодатар мешавад, чизеро дидан мехоста бошанд; гардан пеш меравад ва сўйи Лоиқ майл мекунанд. Баройи дидан на, баройи шунидан ин корро мекунанд ва чун садое намешунаванд, мепурсанд:
— Аааа?
Маънийи зиёде дорад ин як овоз ва Лоиқ тасаллӣ медиҳад марди пирро.
— Ман тоқати шишт надорам. Ин кори Сорбон.
— Ҳа-а-а... Вайи шишт надорам, гўй... Рост. Хуни ту – тез.
Ва ҳар ду завқ мекунанд. Феълу хўйи ҳар дуяшон як хел. Ҳамсўҳбати хуб пайдо шавад, бо завқ гуфтугўй мекунанд. Ҳамсўҳбат нафорад, ба даҳон об мегиранд. Ва падарам оҳиста-оҳиста ҳама чизро мепурсанду таҳҷўйӣ мекунанд; маълумот мегиранд: «Холмурод нағз, Убайд нағз? Абдунабӣ... Доро...» ва ҳар кас дар сўҳбаташон як бор буда бошад, мепурсанд ва Лоиқ пайваста «Ҳа»
посух медиҳад...
— Ҳааа... – Ба сухан омода шудани падарамро Лоиқ дониста хомўшона диққат мекунад, ки чӣ меояд аз пирмард: – Аз Шералӣ чӣ монд?
— Ҳеҷ чиз!
— Не, монд; ман медонам, монд... Чӣ қадар тилло монд?
— Ҳааа... тилло!? Ҳаштоду се кило.
— Ҳаштоду се кило? Не, ин ҳадар набудагист.
— Ҳамин қадар. Шумо намедонед, писаратон медонад!
— Ааа? – ҷониби ман рў оварда гўё суол карданд падарам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор