Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Рост. Порсол ҳаштоду се кило буданд, шояд имсол вазнинтар шуда бошанд....
— Ҳааа, худата мегўйӣ, а? Ин рост. Ин тиллойи холис... Лекин додот тилло дошт. Ман медонам...
— Рост. Аком ҳам як бор офтоб кардани тиллояшро дида будаанд, лекин касе намедонад, онро замин кашид ё осмон...
— Дошт, дошт... Ба хаёлам, ба занҳо сарф кард...
— Шумо ҳам мусичайи бегуноҳ набудед... Амакам Хўҷаалӣ мегуфт, Ҳамройи Қодир тиллоро дар нифайи эзораш ҷо мекунад...
— Не, дурўғ. Ман тилло надоштам, аммо пул доштам. Садсумаҳоро қатори эзорбанд дар нифа мезадам. Амакат медонист. Зеро як бор дар дами бозори шаҳри Панҷекат маро дошта, даҳонкалонӣ кард, ки ҳар кас пулашро барорад, аз они касе зиёд бошад, ҳама пулҳо моли ў шавад. Аввал ман пулҳойи киссаро баровардам, пули ў зиёд омад. Баъд садсумаҳойи нифаро баровардам. Рангаш канда, ба зорӣ даромад, ки ба ман ин чизро гуфтанд, бовар накардам, рост будааст... Аз он вақт Хўҷаалӣ медонист, ки ман пул дар нифа медорам... Шикастабанди аҷиб амакат...
Дами дарвозайи мазори Хоҷа Таваккул Ато мошинро боздошта ба рўҳи хуфтагони ин манзил ояте ҳадя кардам ва даст ба рўй кашида, чаҳорчархаро ҳаракат додам. Ҳар коре мекунам, ҳамсафарам Ҷовидон такрор мекунад.
Хонайи мо девор ба девор аст бо ин мазор ва ман дар паси девори он зода шудаам. Лоиқ дар Мазори Шариф. Ривояте ҳаст, ки аз ин мазор то Мазори Шариф – гўри Хоҷа Муҳаммади Башоро роҳи зери заминӣ буда ва одамон замонҳое бо ин роҳи ғор
1 рафту омад доштанд. Ва ҳоло ин роҳро касе намедонад. Ман ба андеша меравам, ки шояд ин роҳи якуним фарсаха роҳи дилҳойи Лоиқу ман бошад аз ин мазор то он мазор.
Онҳое ки бомдодро хонда аз масҷид баромадаанд, чунин осема ба роҳ афтодани маро дида ҳайрон мешаванд. Ба ишораву «сафар ба хайр» гуфтанашон «устод нотоб шудаанд» мегўям ва ҳар кадом бо таасуф сар афшонда «Худо карим аст, эзиди пок нигаҳбон аст»
мегўянд ва кушойиши роҳ медиҳанд ба ман.
Ҳарчанд таъҷилист, аз назди қабристони Ғўсар шитобзада гузашта натавонам. Дар ин манзил наздикони ман Султонмуроди Шодӣ ва Бибизаҳро бинти Ҳаким хуфтаанд. Бояд бозистам аз мошин фароям, рў ба рўйи гўри онҳо истода ояте аз «Қуръон» ба рўҳи покашон ҳадя кунам ва баъд идома диҳам роҳамро.
- Дар паҳлўйи ин мазор ғоре ҳаст, одамон ба ҳавас бо шамъҳо ба ин ғори Амбали тангдаҳон даромада тамошо мекунанд, вале дур намераванд. Боре мо ба он ғор сими барқ кашида даромада навор бардошта будем, азбаски пеши роҳ аз тор ламида буд, дур нарафтем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор