Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

«Дар сари роҳ аст гўрат, модари ғамкуштаи ман,
Шеъри дарду оҳи ҷонам, байти хуноғуштаи ман.»
Султонмурод аз ҳамнишинону ҳамсўҳбатон ва ҳамсоғарони устод Лоиқ. Лоиқ ба Панҷакат омада ба хонайи Султонмурод надаромада рафтанаш имкон надошт. Рўзе ки ҷанозайи Султонмуродро аз Душанбе овардем, Лоиқ низ ҳамроҳи он кас дар бемористон мехобид ва аз паси мурдайи он кас ашк мерехт. Бибизаҳро модари Лоиқ. Гўри Султонмуроду Бибизаҳро паҳлўйи ҳам... Ва ман ҳар гоҳ дар сари ин гўр буда, ёд меорам, ки чун шабҳангом ҳамроҳи Лоиқ роҳи тўлонийи Душанбе, Шаҳрисабз, Самарқанд, Панҷакатро гум кардаву дарёфта ба ҷанозайи модар расида омадем ва се бародар Шарифу Лоиқу банда гардани ҳамдигарро дошта, калла ба калла монда мегиристем... Баъд ман таассуротамро навишта будам ва устод хонда «Бори дигар маро гирёндӣ» гуфтанд. Ғараз ин буд, ки сахтнинак ҳастанд ва ашкашон ба зудӣ намерезад. Вале баъди фавти модар гоҳ-гоҳ ашк мерехтанд. Ёдам ҳаст, ки дар Масчоҳ рўзи иди қурбон модарро ёд оварда чӣ андоза навҳаву мўя карда буданд. Дилбастагийи Лоиқ ба модар сабаби зиёд дорад ва асбоби «Модарнома» навиштани устод аз ин ҷост.
«Ана дар ҳамин ҷо соли 1993 митинг шуда буд. Бояд Сангак Сафаров меомад. Наомад. Файзалӣ омад. – мефаҳмонам ба писарам Ҷовидон. – Амакаш низ ба ин тантана омада буданд бо даъвати ҳукумати шаҳр, вале...
Вале хор шуд; хор доштанд. Дар назди бинойи ҳукумати шаҳри Панҷакат канортар назди гулбунҳо Лоиқ сигарет дуд мекард ва хеле ошуфтаву парешон буд. Се тани дигар – яке аз ҷонишинони райиси ҳукумати шаҳр, райиси кумитайи бехатарӣ Амонулло ва дўсти Лоиқ Аҳмадҷон сўҳбат доштанд ва бо ишораву имо масъалаеро муҳокима мекарданд ва дуздида-дуздида менигаристанд сўйи Лоиқ. Устод низ чизеро пай бурдагӣ барин аз одату андоза зиёд дуд мебаровард... Атохўҷа пайдо шуд. Сар ба ҳам наздик бурда бехгўшӣ кардани онҳо ва дар канор музтарибҳол дуд баровардани устодро дида наздашон омад. Онҳо хомўшу мармуз монданд.
Атохўҷа «ҳавойи даму гирифта»-ро пай бурда пурсид:
— Тинҷӣ?
— Не, мушкилоте пеш омада. – посух дод Амонулло, пасон ҷонишини райис афзуд:
— Лойиқро ба оши оштӣ даъват карданд, лекин ғайрати касе нест, ки ба он ҷо барад...
— Ман мебарам-дия, – муамморо нафаҳмида гуфт Атохўҷа.
— Гап дар бурдану набурдан не, масъала ин аст, ки рафтани Лоиқро ба он оши оштӣ бисёриҳо намехоҳанд.
— Устод Лоиқро намехоҳанд?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор