Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Лоиқ пештар омад аз номайи охиринаш. Андар либоси низомӣ аҷиб метофт: шербасу кашида, нерўманд аз пешин, лабонаш ва чашмонаш тафсида. Азбаски дар хонааш Салоҳиддин мезист, Лоиқ ҳамроҳи ман омад ба хонайи модархонд. Ҳар ду баробар ба кор мерафтем, аз кор меомадем, футбол мерафтем ва модархонд «Ба шумо, дугонагиҳо, мурам» гуфта гусел мекарду пешвоз мегирифт.
Фазлиддин Муҳаммадиев боз ба дегчапалов даъват карданд.
Баҳонае буд; дар асл ҳама Лоиқро пазмон шуда буданд: Сўҳбат тафсид. Муҳаммадиев ҳар гоҳ ягон нағма ва ё бозие фикр карда ҳамаро андармон медоштанд. Ин бор «шеърбозӣ» гуфтанд ва шарташро гузоштанд: «Ҳар кас мисрае бигўяд, мавзун бошад, вале мазмун надошта бошад». Лоиқ завқ карду гуфт:
— Охир шеърҳойи имрўза ҳамин хел-ку!
Муҳаммадиев аввал хандиданд, баъд ба чӣ андеша афтода фармуданд:
— Не-не, Лоиқҷон, ин қадар ҳам не. Ба ҳар ҳол ҳаст; шеърҳойи устод ва баъзе дўстонамон шеърмонанд.
— Мо чӣ гуфтем? – боз завқ кард Лоиқ ба идомайи гуфтааш.
— Лоиқ, гуфтайи шумо ҷон дорад, – ҳамроҳ шуд Меҳмон ва афзуд: – Акам ҳам рост мегўянд; рад карда намешавад; шеър ҳаст...
— Рост... Акнун як мисраъ бофед, Меҳмонҷон.
Меҳмон: – Сангҳойи Тоҷикистон сўйи Норак мераванд.
Муҳаммадиев: – Ана, мешудаст-ку!
Лоиқ: – Чун Норак аз Тоҷикистон ҷудо нишон дода шудааст, мисраъ маънӣ дорад, вагарна маънӣ надорад.
Муҳаммадиев: – Гар ба Норак шаҳри зебо андарун.
Садойи пиққӣ ханда баромад. Мастон завқ кард ва фармуд:
— Ба худо, адабиёти тоҷик ин хел мисраи мавзун дошта бошад.
Доро: – Мўйсафед рост мегўянд. Ман ҳам аввалин бор мисраи зебо мешунавам: «Гар ба Норак шаҳри зебо андарун». Классикӣ, форам, хушоҳанг; Маънийи мисраъҳойи Бедилро мефаҳмед, аммо маънийи ин мисраъро сарфаҳм намеравед. Офарин, муаллим.
Дигар шоирон шеър нагўянд ҳам мешавад. Мукофоти аввал ба Фазлиддин Муҳаммадиев дода шавад.
Меҳмон: – Рўҳакот сафед, боз маҳалгаройӣ кардед. Фикр накардӣ, ки мо панҷ сол як ҷо хондем. Боз рўбинӣ шуд, мукофота ба ака додед. Лекин нағз, ба навбат.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор