Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Лоиқ: – Шуморо кӣ гуфтааст, ки шеъри маънидор гўед. Замона намепарварад. Асар ҳар қадар бемаънӣ бошад, бурди муаллиф. Зуд шўҳрат пайдо мекунад, соҳиби унвону ордену медалҳо мешавад.
Мо дар аскарӣ ин чизро хуб омўхтем. «Гар ба Норак шаҳри зебо андарун.» Доро мефаҳмад адабиётро. Муваффақияти Доро дар он аст, ки наменависад. Вагарна... ман куҷову бевафойӣ.
Муҳаммадиев: – Лоиқҷон, шумо ҳоло мисраъ нагуфтаед.
Лоиқ: – Устод, ман аз мисраи шумо гуфта, бемаънитар гуфта наметавонам.
Ҳама баробар хандидем. Муҳаммадиев ҳам завқ карданд, ҳатто холи сиёҳи пушти лабашон ранг дигар кард.
Дегчапаловро хўрда ба кўча баромадем ва ҳанўз мегуфтему механдидем ва раҳгузарон менигаристанд сўйи мо. Ва чанд рўз ин мисраъ вирди забонҳо буд. Ба гўши Мирзо Турсунзодаву Боқӣ Раҳимзода расидааст, ки онҳо низ мегуфтанду механдиданд.
Ва Абдулло Зокир муҳаррири рўзномайи «Ҷавонони Тоҷикистон» таъйин шуд. Марди аҷиб буд. Мехост бо фарҳангиён ва ҷавонони бедор ошно бошад. Аввал дар шўъбайи сиёсийи радио кор мекард. Шину хезамон аз он ҷо оғоз ёфта буд. Феълу атворамон ба ҳам омада буд. Дар як шуморайи рўзнома шеъри Лоиқ, як ҳикояйи банда ва мақолайи Дороро ҷой дод ва гап шунид. Дўстиамон боз хубтар шуд ва ба ў луқма медодем, ки чизҳойи хуб чоп кунад ва ў кўшиш мекард, бештар чизҳойи адабӣ нашр шавад. Ва ҷавонон гирди ин рўзнома давр мезаданд. Бедор мешуданд ва ба масъалаҳойи миллӣ бештар эътибор медоданд; ба хеш расиданӣ буданд ва хештанро шинохтан мехостанд.
Рўзе дар газетайи марказӣ сўҳбати мухбире бо райиси Президиуми Шўройи Олийи Тоҷикистон Маҳмадулло Холов чоп шуд.
Райис ба пурси мухбир посух гуфта фармудааст: «То Инқилоби сусиалистийи Октябр дар Тоҷикистон як босавод буд, ин мулло буд. Баъди Инқилоб як бесавод монд, ин ҳам ҳамон мулло.» Ва ҷавонон баъди хондани ин сўҳбат гирд омаданд, муҳокима карданд ва роҳи бинойи Шўройи Олиро пеш гирифтанд. Қариб панҷоҳ нафар будем. Дар он замон чунин фаро омада назди бинойи ҳукуматӣ рафтан гузар кардан аз ҷон буд. Бо вуҷуди он мо рафтем, зеро дар он мақолайи бағараз шаъни миллати тоҷик паст зада шуда буд. Моро аз дари Шўройи Олӣ наронданд, балки пазируфта дар толори азиму фарох ҷой доданд ва як занаки сиёҳи абрўвонаш сиёҳтар аз пўсташ, ба дастон дастпўшаки сиёҳи тўрӣ кашида ба толор ворид гашт ва аз мо пурсон шуда, ки мақсад аз омадани мо чист? Мо низ аз ў суол кардем, ки кист? Посух дод, ки котибайи райиси Шўройи Олӣ. Гуфтем: «Мо ба шумо кор надорем, худи райис биёянд» Ў гуфт: «Шумо арзатонро гўед, ман ба райис расонам, он кас тайёр шуда назди шумо биёянд».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор