Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ин гапи хурд нест, райис! Пеш аз Инқилоб як саводнок буд, баъди инқилоб ҳам як бесавод монд... Ё тоҷикон пеш аз инқилоб китобхона надоштанд... Сино чӣ шуду китобхонайи Бухоро куҷо
1 монду? Пас мо ҳама басавод шудаем, райис?
— Ҳама набошад ҳам, бисёриҳо китобхон шуданд?
— Райиси мўҳтарам! Шумо мегўед, ки ман ин гапро нагуфтаам.
Аммо дар газета чоп шудааст. Шумо бо ҳама хонандаҳо рў ба рў шуда, худатонро сафед карда наметавонед. Магар ин ки як бори дигар дар газета гўед эътирозатонро.
— Мо медонем чӣ кор карданмона. Лекин шумо рафторатона дигар кунед, ҷавонон. Шўро хононд, ҳаматона савод дод. Ҳоло ягон бесаводро намеёбӣ. Чупони сари кўҳ ҳам саводнок, аъзойи партия...
— Лекин ягон нафари ин ҷавонҳо аъзойи партия нестанд.
– луқма дод касе.
— Партия медонад киро ба аъзогӣ бигирад. Боз савол ҳаст?
— Дар боғчаву кўдакистонҳо ҳама ба забони русӣ гап мезананд, ҳатто дашномашон ҳам ба русӣ. Мо ба куҷо меравем?
— Ба куҷо меравем, партия медонад. Роҳбару роҳнамо – партия.
О ҳар рўз мегўянд: сўйи коммунизм равонаем.
— Не, райис, мо тоҷикон бояд андеша бикунем, ки оё тарбияе, ки дар боғчаҳо ва кўдакистонҳо пеш омадааст, баройи халқи мо чӣ аҳамият дорад?
— Ин чизро ман фикр кардам. Ана ман райис-а? Райис. Пагоҳиҳо кўдакора хезед, боғча равед, мегўям. Не мегўянд. Рафтан намехоҳанд. Намефорад, мегўянд. Чизе ҳаст. Тафтиш кардан лозим.
Мо месанҷем, мефаҳмем... Ушқулуб мешавад...
Сўҳбат тамом шуд ё нашуд, ҷавонон баробар бархостанд ва райис аз курсӣ баланд нашуда, толорро тарк карданд. Вале ҳар кадом дар дил шубҳае доштанд, ки яке аз ононро дошта мебаранд ва...
Ва аммо ин кор рух надод, вале дар кўча Валӣ Самад аз паси Юсуф метохт, то дошта алам ситонад. Дар забони дигарон таъбири райис гирд мегашт: «Ушқулуб мешавад.» Вале Лоиқ гирифта, сархам ва андешаманд мерафт, ба касе чизе намегуфт, гоҳ-гоҳ даст ба пешонӣ мезад:

«Гоҳо
аз минбарҳо
дар кунгураҳо
дар китобу дафтарҳо

  1. Садойи Мазҳабшо буд
пешина
аз 428
навбатӣ