Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мо, ки паймон ба ҳам баста омада будем, ба пурси занак чизе нагуфтем. Занаки пурнозу танноз, ки шевайи туркӣ дошт, аз вохўрӣ бо мо қонеъ нагашта, дафтари овардаашро бардошта рафт. Мо ятимони мактаб-интернатро мемондем, ки дар як синф нишаста, омадани муаллими навро бо тарсу ҳарос нигарон бошанд, ки муаллими ноошно чӣ гуна кас бошад. Хеле нишастем. Дурусттар нигарем, аллакай дар байнамон касони ноошно низ буданд. Хомўш будем. Ба якдигар ба имову ишора ва ҳавойи лаб сухан мекардем ва баногўшӣ, ки дар қабатҳойи девор, миёни қандилҳо ва таги мизҳо суханчинакҳо монда бошанд ва гуфтаҳойи моро менавишта бошанд. Он солҳо ҳамин гуна тарс дар вуҷуд ва зеҳни мо ҷой шуда буд ва тарсу гардонида буд моро. Хеле нигарон шудем. Толор замбўрхона гашт.... Пасон райис омад. Марди сиёҳабрўйи барҷастачашм ва барҷасташикам буд. Ҳоло бўйу хўйи курсийи мактаб аз ёдамон нарафта будааст, ки ба эҳтиромаш чун хонандагони синфҳойи ибтидойӣ бархостем. Ў пешгаҳ гузашта рў ба рўямон нишаст ва он занаки сиёҳ ҳамроҳаш буд.
— Хўш, баччаҳо, чӣ гап доред? – чунин сар кард Райис.
Мо ҳама карахт будем. Райис, ки аз мо зуд посух нагирифт рў ба котиба овард: «Ному фамилайи ҳар кадомро нависон.» Мо нигаристем ба якдигар, ҳеҷ кас номашро гуфтан намехост, медонист, ки оқибати хуш надорад. Котиба аз нафаре пурсид, ки рў ба рўяш менишаст: «Номи шумо чист?» ва ў овоз баромад: «Валӣ Самад!» Ранг дар рўйи Валӣ Самад намонд. Ў қомат рост карда Юсуф Акбар гуфт. Ва ҳамин зайл ҳар кас ному насаби хешро на, ному насаби якдигарро мегуфтанд ва чилу се нафар шуд. Танҳо Ғойиб Сафарзода ному насабашро гуфт. Пасон райис ба он нафари аввал рў овард:
— Ку, Валӣ Самад, бигу, чӣ гапай?
Он нафари пешнишаста, ки Валӣ Самад набуд, сар андохта менишаст ва парвое ҳам надошт. Котиба ба ў муроҷиат кард:
— Райис мепурсанд, сабаби омаданатонро гўед.
— Мебахшед, ман Валӣ Самад нестам...
— Ман Лоиқ. – ҳоло дами аскарӣ паст нашуда буд, қомат афрошта гуфт ҷавони шуҷоъ. – Райис бубахшед, сўҳбате, ки шумо бо рўзноманигори «Комсомолская Правда» доштед, моро ин ҷо овард.
— Ааа... Фаҳмо бачча, фаҳмо. Росташро гўям, ун гапҳойи ман не. Ман дар Афғонистон будам он рўзҳо. Омадам, ки мақола чоп шудай, гапи бисёр шунидам. Шумо якум не. Бисёр маломат карданд маро. Гапошон рост. Ман ҳам тарафдори шумо, баччаҳо.
Ҳамин хел шудай, чӣ кораш мекунӣ...

пешина
аз 428
навбатӣ