Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Ва боз тақ-тақ шуд дарвоза субҳгоҳ. Дар ба рўйи ў кушодам.
Ва худро бар ман андохт, доштам бо сари сина ва базўр бурдам то рўйи суфа. Дилаш метапид аз андоза зиёд, сахт, номўътадил.
Посух намегуфт ба пурсам. Ва ўро дар ҷойгаҳи хеш хобондам.
Ва муддатҳо гузашт, аз ў чизе намешунидам. Баъди хеле муддат ғурунгид: «Омад...» Ман мефаҳмидам ишораҳойи ўро аз аввал.
Ҳар ду хомўш будем, гўё хобем. Аммо дилҳо беқарор. Дили ман низ ба тапиш даромад ва хоби саҳар, ки аз насими фараҳфизо ғолиб мегардад, дур шуда буд аз чашмонам.
Бурун рафтам аз ҳавлийи хурди модархонд, ки ҷуз ҳардумон касе набуд. Нони гарм овардаму тухм. Ва ў хуфта буд. Чун бедор шуд, ҳазл кардам: «Ба навдомодон одатан тухм дундул мекунанд.
Бирён кунам ё обҷўш?»
— Ҳар навъе кўҳнадомод хоҳанд.
— Не, ба ростӣ мепурсам.
— Додом мегуфт, ки хок бошаду рўған дошта бошад.
Ва ман тухмбирён кардам. Лоиқ нонро мегазиду механдид, чойро қурт мебурду механдид ва тухмро яклухт-яклухт бо чангак ба даҳон меандохту лабҳо пўшида завқ мекард Ва даҳон пур рў боло дошта мегуфт: «Омад». Ман, ки одатҳойи ўро медонистам ва аз ишора хуб мефаҳмидам, қасдан мегуфтам:
— Албатта илҳом омад?
— Илҳом ҳам омаду вай ҳам омад. – тасдиқ кард Лоиқ ва баргашта ба ман зеҳн монд ва фармуд: – Гили туву Дороро аз як ҷо гирифтаанд. Кадуча дорад гуфтаҳойи шумо. Доро низ ҳамин хел; аз дур гирифта, баъд нўки танобро мекашад, оқибат ба таҳи матлаб мерасад. Илҳом омад, баъд ў омада Илҳомро гурезонд.
— Ман мешудам, аз гулўяш мегирифтам...
— Шумо мешудед, тар мекардед... Шўхӣ набуд... Сапеда аввал «Кӣ?» гуфта ба занги дар ҷавоб дод. Баъд «Ман!»-и шиносро шунида худро гум кард ва калидро ҳам гум кард. Ҳар гоҳ таги дар медавиду номи духтарчаашро гирифта «Калидро куҷо мондӣ?»
мегуфт. Дар асл дигар кор мекард: таноб меҷуст, ки дар панҷарайи айвонча бандаду ман бо он ба замин фароям.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор