Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аммо таноб пайдо намешуд. Пас рўкашҳойи ҷойгаҳро ба ман дод, то нўк ба нўк гиреҳ кунам... Онро бастам ва нишеб шудам. Рўкашҳо нарасид то замин. Болойи тирезайи ошёнайи якум алвонҷ мерафтам. Ва тавба доштам, ки дигар ишқбозӣ накунам. Намедонам чӣ кор кунам. Он лаҳза ду чиз ба ёдам омад: ҳикояйи Мюнҳавзен, ки расан ба моҳ баста ба замин фаромаданӣ шуд. Ресмон то ними роҳ омада дар фазо тамом шуд. Аз болояш бурриду аз пас пайваст ва омад то замин. Боз нарасид ресмон. Ба пас нигарист, ки наздик аст. Худро партофт. Ба қаъри замин рафт. Аз гўшҳояш дошта бардошт, рўйи замин баромад. Ва ҳамин вақт илоҷе наёфта, чашм пўшида, худро андохтам ба замин. Ва аз тарс зуд ба худ омада пойҳоямро дастдаст кардам, ки баҷо. Бархоста дуртар рафтам. Паси дарахт ҷой шудам, ки Сапедаро ба шиканҷа кашад, рафта халосаш мекунам ва мегўям, ки ман дўст медорам Сапедаро. Аммо садое набуд.
Чароғи хонайи ў месўхт. Ва рўкашҳойи сафеди болконро боди сабо чун дирафши сулҳу салоҳ парафшон буд. Сапеда як бор ба назди панҷарайи айвон омад. Магар дастони нозуки ў гиреҳи аз вазни ман сахтшударо кушода натавонист, ки боз рафт; корд оварда гиреҳро бурид ва бурд... Дуввум ин ки ман ҳам ҳамаро орому осуда дарёфта, латифайи ошиқи худро аз ошёнайи баланд партофта ва сиҳату саломат монда ба ёдам омад: «Одамизода аҷаб аҳмақ аст: фикрҳое мекунад, ки...»
— Ҳааа... Ноаҳмақ кам дар ин дунё... Одамизода кор мераванд?
— Шумо равед, ман хоб мекунам.
— Ҳамин ки хестед, бозор рафта як хурўс харида биёред...
— Шумо медонед, ки ман ин корҳоро намекунам ва бовар ҳам надорам... Агар ягон кас пурсад, ман дар сафар...
Ва нимарўз хабар гирифтам, ки Лоиқ нест, варақи сиёҳкарда рўйи болишт:

«Сапеда!
Ин номро ишқи ман барои ту гузошт, зеро аз шўълаи андомат аз дурахши номат, аз нози чашмонат - чашмони фаттонат; аз ишқи содаат чун тулўи хуршед дар дилам сапеда дамид ва ҳама гўшаҳои торики диламро сапед кард, ва донистам, ки ту сапедаи умеди манӣ, ва донистам, ки шеъри сафед ҳақ медиҳад то ба номи Сапеда, яъне исми ту дар шеъри ман - ниҳон аз анкабутони тўҳматбоф шеъри сафед бигўям.

пешина
аз 428
навбатӣ