Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва он гоҳ (Худо хайрашон диҳад!) мардуми мо, мардуме, ки ишқи бузург мехоҳанд, аммо боз хораш мекунанд; мардуме, ки шоири бузург мехоҳанд, аммо боз сангсораш мекунанд; мардуме, ки ҳунарвари бузург мехоҳанд, аммо боз ночораш мекунанд, ишқи туро, шеъри маро як рўз баъди сари мо меҳроб мекунанд, саҷда мекунанд ва ҳатто афсўс мехўранд, ки чаро гузаштагон - (Ҳоло муосирони ману ту!
Умрашон дароз бод!) Қадри моро надонистаанд?...
Қадри неъмат – баъд аз завол.»...


Дар он ҳавлийи танг ду кас менавиштем: ў сухан ба низом меоварду ман парешон мекардам. Ҳолиё бештар дар борайи модар шеър мегуфт. Боре пурсидам: «Ба «Дили модар» -и Эраҷ Мирзо баробараш ҳам ҳаст?» Ў дастон ба ду тараф кушод, даҳон воз кард ва гуфт:
— Ин қадар сахт нагиред, шеърнависийи мо аз ночорӣ; аз реша канда шудаем, худро ба ҳар мактаб мезанем; тақлид ба ину он мекунем. Дил боз мекашад сўйи адабиёти классикиамон...
— На. Ғарази ман ин аст, ки «Дили модар» ҳам шеър, ҳам достон, ҳам қисса, ҳам роман, ҳам ҳикоя, ҳам кино, ҳам намойишнома ва...
— Фаҳмидам... Аммо ҷавоб надорам...

пешина
аз 428
навбатӣ