Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Горкий ҳама умр орзу доштааст, ки мисли «Робинзон Крузо»
асаре офарад. Озод; мавзўъ озод, муаллиф озод, қаҳрамон озод. Андаруни чаҳордевор, аз чаҳорчўба набаромада асар навиштан...
— Шумо бояд дар хидмати ҳарбӣ мебудед. Он гоҳ мефаҳмидед, ки адабиётро дар кадом қолаб офаридан имкон дорад. Бо думи шер бозӣ кардан хатост. Бузургон мефармоянд, ресмони ҳукумат дароз; партофта мемонад. Мушоҳида мекунад, ки кадоме, чӣ тавр онро дошта метавонад. Пасон мекашад. Гунаҳгор бошӣ, чун моҳийи баднафс ба шаст меафтӣ. Вале, худатон ҳам чанд бор гуфтед, ман ҳам такрор мекунам, ҳамайи онҳое, ки ба ману шумо эрод мегиранд, ғами адабиётро надоранд, онҳо ҷони худро ҳифзу ҳимоя мекунанд ва ё аз худашон метарсанд, то зинда пўст накананд.
— Пас навиштан чӣ лозим? Чунон асари бетафриқа, берангу бўй, гоҷу мағзоба ба кӣ даркор?
— Ҳамин хелаш писанд бошад, чӣ илоҷ карда метавонем. Яъне, фикри ноҷо балойи бузург зояд. Аз дасти бечора коре наояд.
— Ҳамин қадар донистам, ки бе дониш, беақлу хирад, бе фаросат ба офариниш даст задан камоли ҳамоқат аст.
— Ин чизро бе гуфти ману шумо ҳам медонанд, аммо касе риоя намекунад.
— Касе риоя накунад, аҳмақона нависад.
— Баҳси мо низ аҳмақона. Аввал бояд омўхт. Дурўғ мегўянд, ки имкон надорем. Беҳтарин асарҳойи адабиёти бузурги олам ба забони русӣ чоп шудааст. Дону нодон мехонем, ба ҳаминаш ҳам шукр. Аз адабиёти классикийи худамон низ асарҳойи зиёде чоп мешавад. Гап дар хондану чизе бардоштан. Масъалайи дигар ин ки худованд дар бўтаатон (гил) наандохта бошад, ҳазор таку боло занед, осмонро ба замин дўзед ҳам, чизе нахоҳад шуд...


Модархонд дигар аз Самарқанд барнагашт. Бемор шуду фавтид. Ман дар гўру чўбаш иштирок доштам. Мо аз он кулбайи хурди назарногир, вале бафайз кўчидем. (Иттифоқи нависандагон бинойи нав сохт; хонаҳойи кўҳнайи нависандагони бузургро ба ҷавонон дод; аз ҷумла ба Лоиқ, ба ман.) Ман ба хонае кўч бастам, ки на об дошту на оташ. Ва акнун зимистонҳо пой даруни кўрпа кор мекардам. Лоиқ аз гардишгоҳи аэропорт, ки кўчайи Айнӣ кўчайи Донишро мебурид ва ё баръакс, манзил гирифт, ки ду дар хона дошт ва акнун зан гирифтан бемалолтар менамуд. Дўстон ба ў мегуфтем, ки рўҳи Донишу Айнӣ мададгор шавад. Ва ҳамин тавр ҳам шуд.
Акнун ҳамхонаву ҳамсар мебойист Лоиқро. Вале ман ба он ҷое ки Лоиқ хостгор фиристоданӣ буд, нарафтам, зеро як бор хостгори бетаҷриба шуда, маззайи ин касбро чашида будам. Баъд Лоиқ одамони ба Раззоқов нозгунҷтарро вакил кард: шоирон Файзулло Ансорӣ ва Убайд Раҷабро.

пешина
аз 428
навбатӣ