Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Ако, хаста нашудед?
— Не. Аз роҳ не, гарчӣ вайрон аст. Аммо аз андешайи Лоиқ хаста шудам.
Дам ба дарун гирифтам, ки чун ман андеша мекунад: «чӣ шуда бо Лоиқ?» Вале посух нест ба чунин пурс, чунон ки дармон нест ба баъзе дардҳо.
— Ако, ҳама навиштаҳойи Лоиқро хондаед? – хаёли ўро парешон ва хешро аз андешаҳойи мағшуш ва ногуфтанӣ раҳо карданӣ шуда мепурсам.
— Чопшудаашро. – кўтоҳ посух медиҳад ако, то гусаста нагардад риштайи хаёлаш. Албатта касе ба сони бародар намедонад зиндагиномайи Лоиқро ва намесўзад ба ҳоли зори ў. (Худо накунад!) – Ако, дар Анзоб як инсони шариф умр ба сар мебурд:
Ҳоҷӣ Муллораҳими Аслиддин.
— Медонам, одами нонте, инсони ҳақиқӣ, бисёр касон ўро мешиносанд...
— Чанд муддат пеш гузаштаанд.
— Худо мағфират кунад. Лекин ин бор даромада наметавонем...
— Хуб, ако. Перор пояшонро бурида буданд, ҳамроҳи Лоиқ даромада дер нишаста будем, шод гашта буданд. Воқеан каси нотакрор. Ҳар раҳгузари шиносу қадршинос бояд даромада дидори он касро дида як коса айрон хўрда мерафт. Нотакрор, марди нотакрор. Мефаҳмам, ако.
— Шояд дар ин водӣ дигар чунин кас наояд. – ба сўҳбат ҳамроҳ шуд Кароматуллоҳи Шукруллоҳ, ки аз маркази Фарғар ҳамроҳ гирифта будем. Марди фозил, олими адабиётшинос.
Ва «фотиҳа пир намешавад» гуфта аз назди хонайи он кас гузаштем ва ман то ҳол пай набурда будам, ки ин қадар басуръат мошин мерондаам ва пастиву баландиву обканду сангу шахчаро надида газро пахш мекардаам.
Риштайи сўҳбат ба Кароматулло омад ва ў ҳикоятҳо кард аз ҳамроҳ кор карданашон андар маҷаллайи «Садойи Шарқ» ва аз ёд мехонд ашъори Лоиқро. Пасон Кароматулло аз шоириву покийи ў сухан гуфт ва дар радифи шеъри зиёд фармуд:
«На ёри «Шаҳидон», на «Озодӣ»-хоҳ,
На бо ин ҷиноҳу на бо он ҷиноҳ,
Миёни ду дунё манам рўсафед,
Миёни ду майдон манам рўсиёҳ...»
Писари Субҳон Тўйғун моро шинохта андар боҷгирон медорад
ва аллакай роҳакиҳо хабари дар бемористон хобидани Лоиқро ба ў расондаанд, моро тасаллӣ медиҳад, ки иншооллоҳ сиҳат мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор