Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Ва моро дер нигоҳ надошта роҳи сафед мехоҳад...
Аммо ағбаро баромадан ба ҷонканӣ баробар: мошинҳо дамгиру нафасгардон шуда, дар роҳҳо бозмондаанд ва яке ба ҷарӣ рафта, дигаре чарх кафида, саввумӣ об ҷўшида, бинзонасос кор накарда...
мусофиронро дилгир мекунад ин роҳ; мардуми ин водиро дар як кўчайи бунбаст ҷо кардаанд. Устод Лоиқ шиква аз ин хусус доштанд ва дар ёди Самарқанду Бухоро бисёр «мегиристанд». Чун ин ағба ях бандад, Панҷакату Айниву Масчоҳ миёни қалъайи сангийи аз рўзи офариниш сохта мемонад ва аз шаш ҷиҳат роҳ баста мегардад ва ҳар рўз хабари тоза меояд, ки тоҷикбаччаҳойи забонгумкардайи Самарқанд тоҷикони тоҷикистониро дошта, ба шиканҷа мекашанд, ҳама чизашонро мерабоянд, дар милисахона ҷо карда, азобашон медиҳанд, ҷарима меандозанд, то ҷое мерасад, ки то ҳаждаҳ, бист сол гуноҳ медиҳанд. Сесол пеш онҳо ба Панҷакат омада чакида харидорӣ карда, бо фиреб ҷавононро то боҷгирони сарҳад бурда, аз сарҳад гузаронида, дар хоки Ўзбакистон дошта, дастонашонро баста СНБ-и Самарқанд бурда понздаҳ
– ҳаждаҳсолӣ ҳукм кардаанд. Боз ривояте ҳаст, ки Ислом Каримов аз ин воқеаҳо хабар надорад; чунон кор мебаранд, ки президенти Ўзбакистон аз ин нобасомониҳо огоҳ нагардад... Аз ин рў нақби Анзобро мекананд ва Президенти Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов ҳама қувваро ба сохтану кушодани нақби Уштургардан равона кардааст.
— А, ако!
— Лаббай!
— Иншооллоҳ баъди чанд вақт аз ин роҳу аз чунин азоб раҳо меёбем.
— Ҳа, одами зинда мебинад.
Чунин посухи ноумедонайи ако ба ман нафорид ва хомўш мондем. Дилшикаста менамуданд. Кароматулло хомўшийи тўлонийи моро дарёфта фармуд:
— Кори нақб басуръат аст. Дар се баст кор мекунанд. Лекин об баромадааст, гаранг мекунад, мегўянд.
— Ёдатон ҳаст, амак, порсол аз ҳамин ҷо гашта Панҷекат рафтем, – ба сўҳбат ҳамроҳ шуд Ҷамшед. – Ба тўйи хоҳарам Мумтоз рафта натавонистем.
— Ҳоло ин ўзбакҳо бисёр корҳо мекунанд. «Мо як одам» гуфтанҳо чӣ шуду, – аз назари худашон муҳокима мекарданд ако.
– дўстийи Ҷомиву Навойӣ куҷо монду ёру бародарийи тоҷику ўзбакро чӣ бало заду... Касро намегузоранд, ки ба хонайи худаш равад, мусофирро намемонанд, аз роҳи сохтайи худаш гузарад. Метарсанд, ки тоҷик аз он роҳ тез-тез гузарад, Самарқанду Бухороро кашида мегирад. Баройи ўзбакҳо ҳама корҳое, ки ҳукумати Шўро карда буд, хато, аммо тақсимоти ҳудудийи ҷуғрофӣ дуруст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор