Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Кашола кард ва садояш баромад: «Аҳ, командир чӣ хел кавка нағз мебинад...» Ва нағз дида, гирифт.
Чун ба он пост расидем, касе набуд. Вале соли наваду чаҳорум ёдам омад, ки чӣ хел картошкаро якачин карда, ба халтаҳо андохта, то ба дилашон задан ба «казарма» кашонда буданд. Ин ҳам дарди ба хайр. Вале дар Майхўра умри дубора ёфта будем:
Лоиқ акахонде дошт аз Ҳисор; Амирбек. Ў Меҳринисоро дил баста, ба занӣ гирифта буд, ки шарикдарс ва хоҳархонди Лоиқ буд. Дуввуми майи соли 1972 мошини боркаш овард, ки ревоҷхўрӣ меравем. Моро ба ин ҷо – ба Майхўра овард. Онҳо ба дарайи Майхўра болотар рафтанд. Ману Лоиқ пиёда шуда ба соярў баромадем. Ҳў мебинед, шахҳойи баланду чуккаро. Мо тори он кўҳ рафтем. Дар дасти ман камони Амирбек оварда низ буд. Кабке хонд. Хеле дур буд. Якбағалӣ ревоҷ чинда баргаштем. Аз обшустае мегузаштем. Пойи ман партофт. Камон аз дастам парид.
Ревоҷҳо аз бағалам пош хўрданд. Ва ман ҳарра шудам. Аз буттае медоштам, канда мешуд; шахчаеро медоштам, мешикаст; сангеро чангол мезадам, баробарам меғелид. Ҳар чиро медоштам, ноҷо мешуд ва баробарам сўйи ҷаҳаннам мерафт. Аз болотар садойи Лоиқ меомад: «Дооор!» Вале намешуд доштан. Агар дорам, дошт намедод. Гўё дар ду канори ёнайи тези обшустайи сангчаҳояш мисли семент сахтшуда ҳама чиз сохта ва амонат буд ва ҳеҷ кадоме реша надошт. Меғелидам ва мерафтам сўйи ҷаҳаннам: хам хўрдам.
Умед канда шуд. Ман Лоиқро намедидам ва ў маро намедид.
Вале хаёле садояш меомад: «Дооор!» Ва ин замон шохи дарахти бодомчае пеши назарам омад, ки мисли асойи дарозкардайи Хизр аз қабати шах руста, ҷониби ҷаҳаннам ёзида буд. Чӣ фикре ба сарам зад ва поям ба чизе дакка хўрд ва ҷаҳидам. (Он солҳо варзиш мекардам ва хеле чолок будам.) Ҷаҳидам сўйи шохи дарахт ва ба дастам омад. Ҳайбод мерафтам: пойҳоям кашол, дастам тори сарам ёзида ва алвонҷ меравам. Шохи бодомча меларзад. Ва аз дилам мегузарад, ки шох карда шавад, тамом. Садойи Лоиқ базўр ба гўш меояд: «Дооор!» ва ў намедонад, ки ман дар чӣ ҳолам.
Шўхиам омад дар он ҳолат ва садо додам: «Адабиёт бе Сорбон монд!» Намедонам садоямро шунид ё на, наменамуд... Оҳиста ба ҷаҳаннам нигаристам ва зуд чашм пўшидам: ба назарам дўзахи ҳақиқӣ намуд. Ман дар ҳаво, дар замин, дар зиндагӣ, дар ин дунё муаллақ будам ва ба як торе кашол, ки касе натавонад он торро боло кашад. Лоиқ расида натавонад ба ман. Зеро ҷойи пой монда, паст омадан набувад. Ман бо Худо мондаам. Ў маро чунин медорад ва ба чашмам менамояд дўзахро. Шахҳо дар зер мисли теғҳойи тез неш сўйи боло доранд ва нигаронанд, ки ҷисми ман бархўрад ва онҳо маро чун сихи кабоб сўрох карда, сарбаландона дар оташи офтоб доранд. Оҳиста ба китфи рост нигаристам. Шохи бодомча мисли мори сияҳпўст аз дили шах буромада ва атрофаш девори сангӣ, ҷойи поймонӣ нест.

пешина
аз 428
навбатӣ