Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Оҳиста поямро ба танайи шах бурдам. Кофта-кофта бо нўки пой ба ҷое андармон кардам ва дасти ростамро ба ҷое хастам, ки миёни сангҳо нармие дошт.
Нўки ангуштонро халондам он ҷо. Бимам аз он буд, ки ковок ва амонат набошанд он сангҳо. Илоҷе карда, вазн бар он ангуштони даруни хок андохта, ҷисмамро боло кашидам. Зўр мезадам ва роҳ меҷустам, ки ба ягон чиз вазни гарон наафтад: на ба шох, на ба санги зери пойи рост, на ба ангуштон, на ба хоки нарми ангушт гузошта. Маро нерўе мебод ва ёрие, ки озод бардорадам; ё фариштаву малойика лозим ё Хизри хуҷистапай. Ҳоло ҳарос надорам ва ларзае дар вуҷудам нест...
Вале чун пойи чапро оҳиста-оҳиста боло оварда, бо эҳтиёт рўйи шох саҳлу андармон гузоштам ва тарси шикастанашро дар дил ҷо додам ва каме хешро боло кашида, рўйи Лоиқро дидам, ларза афтод дар пайкарам. Пойи амонат меларзид. Ва Лоиқ ба ман расида наметавонист ва ман ба ў. Ҳанўз ҳам «дор!» мегуфт ва гўйӣ дигар ҳарфро намедонист. Ва ман вазн бар ангуштон доштам ва дасти чап аз шох гирифта болотар бурдам, то ҷойи нармтаре пайдо карда ангуштон даруни хок фурў диҳам. Ними ангуштонам рафт ва санге ба нохун расид. Даруни хок ангуштро хаёле ҷунбонда, ба таврам нохункан мекардам. Намешуд. Сахт буд.
Поям меларзид ва вуҷудамро фаро гирифт ин ларза. Арақ пахш кард ва пиндоштам, ки мадорам меравад ва дигар илоҷи кўшиш кардан ва боло рафтан намемонад.
— Дор!
Садо омад аз Лоиқ ва ин оҳанги аввала набуд, балки шевайи ёрӣ ва мадад дошт. Оҳиста чашм боло кардам ва дидам, ки Лоиқ шолворашро кашида, сўйи ман дароз мекунад, то дорам ва ў маро кашида барорад. Афсўс, ки кўтоҳ аст ва нарасад то дасти ман.
— Монед... Нашавад, ки ҳарду равем.
Лоиқ бо пошнайи пой заминро мекўфт, то комае созад ва пой сахт гузорад, тира монда майл пеш орад, то ба ман расад.
— Каме дароз шав, мерасӣ.
Аммо дароз шудани ман имкон надошт. Ва акнун ангуштони дасти рост аз даруни хок боз гирифта болотар бурдам ва нўки пойи чап ба бехи шох оварда, маҳкамтар гузоштам. Танам гоҳ меларзиду гоҳ қарор мегирифт. Шўхиам омад:
— Қариб адабиёт бе Сорбон монда буд.
— Бароед, боз сорбондор мешавад адабиёт.
Ва расид шолвори дароз кардайи Лоиқ ба дастам. Метарсидам, ки поям партояд ё дастам канда шавад, ўро низ мекашам ва меравем ҳарду. Саҳл доштам миёни ду ангушти дасти рост ва онро боз фурў додам ба «нармхоки» ин кўҳи сахт, ки ҷойи доштание надошт. Вуҷудам меларзид. Ва ҳоло фурсате расида буд, ки пойи чап аз тори шохи бодомчайи наҷотбахш бигирам ва ба ҷое гузорам, ки маро аз вартайи ҳалокат барорад.

пешина
аз 428
навбатӣ