Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Дигар миллат нагў. Чизи, ки нист, номаша нагир.
Лоиқ парида хест. Очаро оғўш гирифт. Сар бар китфаш гузошт.
Бехи гўши модар оҳиста садо баровард:
— Шумо ҳамин чизҳоро фарқ карда метавонед, оча?
— Ман фарқ карда намитавонистам, ту Лоиқ мишудӣ?
— Баъд чаро пеши пойи шумо намурам? Ман медонам, оча:
бисёр суханонам бефойида. Ба гўши хар азон гуфтагӣ барин...
Лекин гуфтан даркор. Қатра чакидан гирад, сангро шикоф мекунад.
— Нагу! – амр шуд.
— Хуб, оча... Лекин...
— Лекин... ту бояд гуйӣ!
— Нагўям, ман Лоиқ не-дия!
— Мон, дигарон гуянд!
— Дигарон... дигарон гуфта наметавонанд, оча. Чунин қуръа ба номи мани Шумо афтодааст.
— Як ту дар Олам! Дигарон кару кур.
— Не, очаҷон, дигарон ҳам гўш доранд, мешунаванд, чашм доранд, мебинанд... Вале беҳтар аз ҳама даҳону меъдаашон кор мекунад. Ҳамаро қурбони даҳону шикам мекунанд. Ман ягон бор ғами шикам нагуфтам. Вагарна ман ҳам қатори онҳо шикам бузург мекардам. Писари шумо пўсту устухон. Ба ҷойи ҳамайи ҳамин ғаму андешаву фироқ кам-кам шароб мехурад...
— Ха, хиз...Рўз ҳам шуд.
— Не, оча. Ман акнун хоб мекунам.
— Ха, бихоб, баччим, лекин доду фарёд накун!
— Хуб, оча...

Ва ў гоҳе аз хоб хест, ки офтоб қиём карда буд.
Низомиддин саҳар боз беруни дар нигарон, ки устод мехезанд ва ҳамроҳ хуморшиканӣ мекунанд. Аз зери болопўши ў чизе дамида ва он чизу омадани Низомиддин ба Бибизаҳро намефорад.
Ў бад-бад менигарад сўйи ҷавон, вале чизе гуфта наметавонад, ки Лоиқ хафа нашавад.
— Хабаргирӣ омадам, оча! – аз нигоҳи ғазаббори модар рамуз гирифта гуфт Низомиддин.
— Ҳа, ту хабаргирӣ миёйӣ. Биҳуда намиёйӣ.
Низомиддин донист, ки ду-се даҳан гўяд, модар дар гирифта ба ў суханони сахт мезанад, дуртар рафт.
Ҷиготи Лоиқ бардамида буд. Муштмол берун омад аз болохона ва чашмаш ба Низомиддин афтод, ки зери дарахти себ меистод.
Баробари Лоиқро дидан Низомиддин ду курсӣ оварда дар сояйи дарахт ниҳод ва шишаро аз ҷайб бурун оварда бехи дарахт ниҳод.

пешина
аз 428
навбатӣ