Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ман ба модарам қавл додам, Низомиддин, пинҳон бикун, ки набинанд.
— Модар хабар намеёбанд, устод.
— Не. Худат нўшӣ, нўш, ман наменўшам.
Низомиддин табассум кард. Лоиқ ин ҷавонро дўст медошт.
Зеро ягона касе буд, ки Лоиқ Ғўсар ояд, хабар мегирифт; шунавад, ки Лоиқ дар хонайи падарарўсаш омада, дидорбинӣ мерафт; ба Душанбе корафтода шавад ҳам Лоиқро хабар мегирифт. Агар Лоиқ бафурсат омада бошад, ба Шар-шар мехонд, то як дам ҳамроҳи Абдувадуди олимрайис канори наҳр фароғат кунанд ва ба баҳонайи Лоиқ идоранишинони совхоз дам гиранд, аз сўҳбату шеърхониҳояш лаззат баранд. Аз ин рў Лоиқ Низомиддини хабаргиронро эҳтиром дошт.
— Як пиёла об биёр, – фармуд Лоиқ.
Низомиддини лоғарандоми тоқипўш, сармуҳосиби дастгоҳи шаробкашӣ аз сатили зери айвони барқад ба дасткосае об овард.
Лоиқ аз дасткоса ба пиёла об гардонд ва гуфт:
— Баройи ҷавонмардиҳойи ту, Низомиддин.
— Ба ҷавонмардийи ман об минўшид, устод? – тез-тез сухан кард ў.
— Алҳол, Низомиддин... Дигар илоҷ нест. Модар хафа нашаванд. – Фармуд Лоиқ ва рў ба модар овард: – Оча! Нигоҳ кунед!
Ана ин пиёла! – пиёларо рост ба танайи дарахти себ баробар дошт, чунон ки дар давраҳо ба маънийи «кофист» одат шуда буд, аз даст раҳо кард ва пиёла ба хоки нарми бехи дарахт бархўрд: – Оча!
Ман ин пиёларо бехи дарахт гўр мекунам, дигар то ин пиёла аз хок рўйидан нўшам, фарзанди шумо набошам.
— Иии ҷим! Ман туя намидонаму? Ту Лоиқ-дия! То гулут хоридана...
— Не, оча!
— Хайр... мибиним!
— Такрор мекунам, оча: то ҳамин пиёла аз хок рўйидана, нўшам, фарзанди шумо набошам...


Ва моҳҳо мегузаштанд. Дар давраву ҳамойишҳову маъракаву сўҳбату майхориҳо Лоиқ набуд чун Лоиқ ё он Лоиқ: хомўш, безавқ, ором, бепарвову бефарқ ва ҳавойу ҳавасе надошт; гирифта, сахт гирифта; ба чизе аҳамият намедиҳад, ҳатто ба хўрдан ҳам.
Шикастанафс, ғамзада ва рўҳафтода метобад. Лоиқи давраоро, хушсўҳбат, базлагў, ҳозирҷавоб, шеърдону шеърхон, соқиву косагул на, як каси муқаррарийи хокӣ метофт ва норозӣ аз муҳиту ҳамагону ҳама чиз, ки хидматҳояш беподош монда бошад. Базмҳо барояш набуд. Менишасту мехесту мерафт. Ба сухан гуфтан хуш надошт; агар гўяд сухан сухани ў набуд; садо низ ба гўшҳо бегона мерасид.

пешина
аз 428
навбатӣ