Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Ба пиндори ман, дар роҳи рафт ҳам, сари сўҳбат ҳам, гоҳи хуфтан ҳам мағзи он кас кор мекарданд.
— Кароматулло, чаро одамон бештар дар борайи шахсияти Лоиқ ҳарф мезананд? Шоирийи ўро намегўянд, дар борайи шеърҳойи тозааш чизе намегўянд? Ҳатто мунаққидон?
— Ба назарам, шумо ин чизро хубтар аз ман дарк мекунед.
Дар борайи рафторҳойи одамӣ гуфтан осонтар аст. Чунки қариб ҳама касон ё бадӣ доранд ё некӣ. Бадӣ аз дасти ҳар кас меояд, некиро ҳар кас карда наметавонад. Лоиқ тавонад некӣ мекунад...
Аммо шеър фаҳмидану шеър таҳлил кардан на кори ҳар хонанда аст. Ҳарчанд, ки шеърҳойи устод ҷойи душворфаҳмӣ надорад, ҷуз ибораву калимаҳо, ки баройи мардуми авом нофаҳмост.
— Магар адабиёт баройи авом навишта мешавад?
— Адабиёт баройи оқилон аст. Касе ки мегўяд: мо Ҳофизро мефаҳмем, Бедилхону Бедилдон ҳастем, хато мекунад. Лоиқро низ фаҳмида бояд хонд ва ё хонда фаҳмид. Дигар ин ки шеъри Лоиқ баройи имрўз нест, баройи пасовандон аст, то донанд, кӣ будем.
Халқи тоҷик Лоиқро мешиносад. Аз ҳамин нигоҳ пиндоранд, ки ҳама шеърашро медонанд; ў як нафар ҳақиқатнигорест, ки таърихи моро дар шеър навиштааст.
— Умуман, инсон як махлуқи аҷиб: он чизе дорад, қадр намекунад, гум кунад, меҷўяд. – ба сухан ҳамроҳ шуд Қоришарифи омўзгор. – боз Сорбон медонанд.
— Бале, ако, шумо ишора бар он мекунед, ки ман борҳо гуфтаам. Шумо инсонро «махлуқи аҷиб» гуфтед, ако. Яъне донистанашаванда. Ман аниқашро мегўям: «Инсон – бандайи ношукр.»
Ба дода қаноат намекунад, надодаро меҷўяд ё металабад. Лоиқ як шўхӣ дорад: «Чашми танги шоирону носирон, ё Қаноат пур кунад ё Отахон.» (Он солҳо Мўмин Қаноату Отахон Сайфуллоев ҷойнишинони райиси Инттифоқи Нависандагон Мирзо Турсунзода буданд.)
— Як шоирон не; «Чашми танги дунёдорро ё қаноат пур кунад ё хоки гўр!»
— Кароматулло!
— Лаббай!
— Дар борайи шеърҳойи Лоиқ навиштан осон аст?
— Намедонам.
— Чӣ хел намедонед? Шумо мунаққид, адабиётшинос...
— Ҳамин хел-у...
— Агар нависед, чӣ мешавад?
— Намешавад.
— Чаро?
— Китфонам борик, ин борро намебардорад. Баройи ин кор китфе шояд, ки чун дўши устод кўҳро бардорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор