Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Масалан Ҳофиз мефармояд:
«Ин чӣ шўрест, ки дар даври Қамар мебинам, Ҳама Офоқ пур аз фитнаву шарр мебинам...»
Аз ин назар навиштан мумкин нест?
— Мумкин нест!
— Чаро?
— «Чаро»-яшро намедонам, медонам, ки мумкин нест. Ҳофиз дар борайи «ҳама Офоқ» мегўяд, устод Лоиқ Тоҷикистонро месароянд.
— Ҳмм... Баройи ҳамин мо ба ҷое намерасем. Ман кай шинам, ки боз худи Лоиқ ба эҷодиёташ тафсир нависад? Мегўед, ки борашро бардошта наметавонем. Мо ғаму андўҳ, дарду орзуву армони ўро ҳам бардошта наметавонем. Андешаашро ҳазм карда наметавонем... Лекин дар борайи «Соқинома», шеърҳойи мансур, силсилаҳо, байту фардҳо ҳарф задан имкон дорад-ку?
— Имкон дорад... аммо баройи кӣ мегўед, дар куҷо мегўед?
Ҳар кас Лоиқро донистан хоҳад, шеърашро хонад...
— Дар ин чиз ман бо шумо мувофиқам. Хондан кам. Бояд аз бар кард ва андеша...
Пас ман ба андеша фурў меравам: «Гуфтан суде надорад, навиштан суде надорад, хондан суде намебахшад... чӣ бояд кард?»
Посух надорад ин пурси абадӣ. Ҳамаро Маҳмаддоно мегардонад; бисёриҳоро забонкўтоҳ мекунад, аммо касеро қаноатбахш карда наметавонад. Ҳавойи дарайи фарохи Варзоб камӣ мекунад, шишайи дарро пасттар мефарорам ва садойи ошно меояд: садойи рўди Варзоб, ки моро аз ҷавонӣ шева омўхтааст. Шевайи инсонӣ, шевайи илҳом, шевайи фароғат, шевайи муҳаббат, шевайи дўстдорӣ ва боз лаҳҷайи ширинӣ ошиқӣ. Дар сояйи сангҳо, таҳи зарбедҳо, рўйи регҳо, лаби рўд ва андаруни оби рўҳафзо иксири андеша гирифтаем; шўхӣ аз рафти он омўхтаем ва ҳатто садову наворо.
Баъд ҳама рабту низому наво вайрон шуд; акнун як садо меомад, ки кабкҳойи дариро мехўсонду мераҳонду бисмил мекард ва ҷони мусофиронро дар хатар мегузошт. Ва ҳар раҳгузар чашмдор буд, ки мабод, тири ба кабк парронда ҷонситони ў гардад. Ин роҳи дароз хол ба хол шинос ману Лоиқро, ҳар комаву жарфи онро медонем ва ҳар гоҳ тормозро пахш мекунем, то ҳамроҳон осеб набинанд. Вале ҳоло ман чизеро намебинам ва фарқ намекунам; танҳо як фикр ба сар, ки зудтар он ёри ошноро бинам. Ва гўям:
«Ман он ҷойҳойи ошноро дидам, сар андохтам. Кокули беди маҷнун аз рухи рўд бўса мегирад; зарбед сурхранг аст; тобасанг тафсида; тахтасанг чаҳор касро нигарон; пули ларзон баста, барги чинорҳо тар – бороншустаро монад. Имсол чун солҳойи дигар Анзоб тароват надорад: торони сари роҳҳо нест, савсан бетароват, сабзаҳойи навруста зардӣ гирифтаанд; кабкҳо шўр надоранд – байтбарак намекунанд...

пешина
аз 428
навбатӣ