Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Борон нест. Барфи Шодмондара ҳам ночиз. Ҳамин шабу рўз об мегардад»...
Э Варзоб-э, э Варзоб-э! Хабарат ҳаст, ки Лоиқ бемор шудааст.
Бале, ҳамон шоир! Ҳамон шўхшанг, ҳамон бебок, ҳамон ошиқ, ҳамон майхора, ҳамон, ки туро дўст медорад ва зиёдтар аз ҳама васф мекунад. Ман ҳам туро дўст медорам, аммо чун Лоиқ қадршиносӣ карда наметавонам. Лоиқ дигар: ба қадри кас мерасад, ба қадри ҳиммату меҳнату донишу фарҳангу бузургийи ҳар фард сухан мегўяд. Рўдакӣ бузурги бузургон, Фирдавсӣ паҳлавони паҳлавонон; хиради хирадмандон, Сино ҳакими ҳакимон, Мавлавӣ пири пирон, Ҳофиз малакутӣ, Дониш донойи доноён, Айнӣ ойинайи ойинадорон, Турсунзода неки накўкорон ва ҳар каси дигар сифат дорад баройи Лоиқ. Ҳатто он пирзане, ки ҷигарбанд гум карда барбеҳуда. Ва он тифли гаҳвора, ки синаашро тири тафсон сўзонида. Ва он духтараки ноболиға, ки аз мўйи сараш тофта даруни мошини сиёҳ кашиданд. Он пирмарду пиразан, ки баройи як гўшвораву як даспона зери кўрпаҳойи аз тахмон гардонида дам андохтанд...
Э Варзоб! Ту осуда бош! Поянда бош! Боз Лоиқ меояд! Афзалшо меорад, Фарҳод меорад, ҳамон Фарҳод, ки чун ман бо Лоиқ хунпайванд шудааст ва ҳар гоҳ то Зиддӣ кабку муғи ҳулол ҷуста меоянд... Ман меорам, Варзоб!... Ҳамроҳи меҳмонони олиқадр меоранд: ҳамроҳи Шабистарӣ, ҳамроҳи Ҷунайдӣ, ҳамроҳи Шеърдўст ва ҳамроҳи бисёр шоирони олам... Ва сари харсангҳо, бари кокули бедҳо шеър мебофад, тарона мехонад. Медонам, ту ёд мекунӣ, пазмон мешавӣ шоиратро, вале сабр бикун, Варзоб, шоират меояд. Афзалшоро меорад ҳамроҳ ва ў созашро ҷўр карда бароят мехонад ва тамоми ин кўҳҳо оҳангрез мешаванд, ҳамҷўр мегарданд ба тори ларзону садойи фораму нотакрори Лоиқ. Сапеда мерақсад: он шўхи болдори бевазн кокулони маҷнуниашро бод дода, лаб-лаби рўд, рўйи тахтасангҳо, дар сояйи чанорҳо, рўйи пули ларзон мерақсад. Шабҳойи маҳтобӣ, ки ду моҳ баройи Лоиқ рашк аз якдигар мебаранд ва рўзҳойи офтобӣ, ин ду офтоб маҷнунбед ба миён гузошта аз якдигар пинҳон мешаванд, ин манзилро биҳишт мегардонанд. Ҳар дуйи шумо шоир кардед Лоиқро. Ай Варзоб, ай Сапеда!
Замчрўд! Сапеда аз ин ҷост. Нисфи ў аз ин манзил, ними дигараш аз тамоми Олам. Ҳамин хел сохта буд ў. Он офаридгор, он созанда, он пайвандгари сухан чунин офарида буд аз чеҳраҳо, аз рангҳо, аз хушбўйиҳо; аз назокат, аз латофат, аз шарофат, аз зарофат; аз ҳусн, аз зебойӣ, аз хубиҳо, аз некиҳо... Сапедаро ва рашк мебурданд хубони замон аз чунин хубрўйӣ ва фариштахўйийи ў.
Ана аз ҳамин ҷо, Замчрўд! Ту ўро мешиносӣ: қомати алиф дорад, абрўйи камони сиёҳ, сабзина, ақиқлабон, пистадаҳон, биниаш хурди теғдор. Дар эҷоди ягон рассом, ҳатто дар Беҳзод надидаам мислашро.

пешина
аз 428
навбатӣ