Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Ҳатто шоир нашуда, шоири халқӣ шудан имкон доштааст. Баъд ман киноя мезанам:
— Мешудааст-ку?
— Мешавад, ман ҳам медонам, ки соҳибмукофоту «шоири ҳалқӣ» шуданро ташкил кардан мумкин, аммо Рўдакӣ шуданро тамоми халқ зўр занад ҳам, сохта натавонад.
Ва ў боз бад мебинад, ки адабиётро гуфтугў, говдўшӣ, подабонӣ, арробакашӣ, пахтачинӣ, хонасозӣ ва монанди инҳо пиндоранд, ки яке қаҳрамон надошта бошад. Ва чунинон аз Лоиқ ранҷидаанд:
Лоиқ дар адабиёт сипоҳигарӣ надорад. Писари падараш бошад ҳам, меъёри умумиро риоя мекунад. Вақте ки сардабири маҷаллайи «Садойи Шарқ» буд, на танҳо роману қиссаҳойи ман, ҳатто ҳикояҳоям бемуҳокима чоп намешуд ва ягон бор ў чун бародар кафайи тарозуйи ҷониби маро пахш накардааст. Он чӣ дигарон мегуфтанд, мувофиқ мешуд. Асарҳойи шоиртарошонро хонда маслиҳат медод, ки касби дигар интихоб кунанд, шоирӣ моҳирӣ набувад, вале баъди чанд вақт медид, ки номашон дар рўйихати онҳоест, ки узви Иттифоқи нависандагон шудан мехоҳанд... Ва бадном карданд адабиётро...
Ба куҷоҳо рафт хаёлам: ман гуфтанӣ будам, ки ғами сиҳҳатийи хешро нахўрд. Балки ғами халқу ватану миллатро хўрд, ки костааш кард, хастааш кард ва дарунҳуллида гардонд чун тарбузи лалмӣ.
Ин ғам заҳри ҳалоҳил буд, ки рўзафзун мечакид ба дилу мағзи ў ва кора дошт устухонро. Ва одат кард Лоиқ ба ин заҳр, то нагўяд, хуморшикан намегашт:
Дар ғами номуси миллат
Камтарин тоҷик агар чун ман бисўзад,
Аз фурўғи рўзи миллат
Бе муҳобо хонайи душман бисўзад!
Ғами Лоиқ ғами кам набуд. «Шутур бузург, яғираш низ бузург.»
Ин аз мақолҳойи дўстдоштайи ў. Кору бораш низ мувофиқи ин мақол бузург. Шонааш бузург, устухонаш бузург, шеъраш бузург, хонишу донишу ақлу заковат ва фаҳмишу фаросоташ низ бузург.
Ман чун ў дучор наомадаам касеро ва яке аз сабабҳойи ёру бародар шуданамон ин аст.
«Ман умри зиёд намебинам» борҳо такрор мекард ў ва маро сахт мерасид. Аввалҳо тунд мегуфтам ба ҷавоб. Баъд ба дилдориву дилбардорӣ мегузаштам ва баъзан чизе намегуфтам. Ва ў мефаҳмид, ки ман бемаънӣ мешуморам ин ҳарфро. Сипас сархуш дўғ мезад ба ман: «Ту чаро наменўшӣ?!» ва зуд чизе ба хотираш омада, ислоҳ мекард: «Медонам сабабашро: Ҳамройи Қодир ҳаққи туро ҳам хўрда рафт.»
— Ҳаққи маро шумо менўшед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор