Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Не! Ман ҳаққи худамро менўшам. Ҳар қадар хўрам, ҳаққи худамро мехўрам. Лекин гуфта монам, ки аз дунё бенасиб меравӣ.
Ин оташоб чизест, ки кас нахўрад?.. Ту намедонӣ, ки ман баройи чӣ мехўрам?
— Медонам. Ғаматон зиёд... Ман, ки ғам надорам, намехўрам.
— Баҳ-баҳ! Ту ғам надорӣ? Ғами ту дар кулли башар нест, аммо худдорӣ мекунӣ. Сарпўшу сиррпўшат бақувват. Мо – бебок, бодигӣ ҳам дорем. Мардона мегўям!
— Ғами ман сабук: ғами рўзгори худам, ғами фарзандонам, ғами шикаму ояндайи онҳо...
— Мо ҳам чандон даҳани амма нестем; баъзе чизҳоро сарфаҳм меравем: ғами ту аз ғами ман гаронтар, аммо зуд ба халқ намерасад. Шеъру сурўдро ба мардум расондан сода аст, вале насри вазнинро мардум дер мефаҳмад. Ман мефаҳмам ҳамаро: ғами ту ғами халқи сода, ки кай ақлаш медарояд, кай фаҳмаш расо мешавад ва ба ину он сарфаҳм меравад. Ҳамин хел не?
— Шояд... Аммо ман ба чизе даъво надорам.
— Ҳаминро гиред, даъвоятон рў мезанад. – ҳамин хел гоҳ «ту»- ву гоҳ «шумо» дорад ў ва ин «шумо» маънийи «сода мабош», «ҳушёр бош»-ро дорад. Ва ў баъзан ба қаър ё ба жарфное фурў меравад, ки кас ҳаргиз гумон надорад: – Ман он қадар умре намебинам, ки киройи дилбастагийи ин дунё кунад.
— Боз ба тангкўчаҳойи Бухоро рафтед. Чанд бор мегўед? Охир бо чунин ҳайкал, бо чунин китфу бозу, бо чунин зўр шумо умри дароз надида, мани резапайкар бинам?
— ... Ки чашми сари ту набинад ниҳон...
— Намефаҳмам.
— Ва намефаҳмед ҳам... Модарам дуо дода маро: бояд бо дасту пойи солим, миннати Ҳотами Тойӣ набурда, ба касе рўйи ниёз наоварда, мўҳтоҷи касеву чизе нашуда, мурам; чунон мурам, ки касе ташвиш набарад.
Ман хомўш мемонам. Ў низ ором, сараш ба рўйи дастархон хам. Рағбат ба чизе надорад. Дуд мекунад. Нўки сигарет дароз хокистар баста. Ман хокистардонро пеш меорам.
— Муттаҳам (навозиш), зиракӣ, аммо истифода бурда наметавонӣ.
— Ҳм. – чунин беҳарф ҷавоб мегардонам, ки ба чӣ ва ба куҷо ишора карданамро ў пай мебарад. Ва мехонад:
«...Ҳаргиз набарам ба нокасе рўйи ниёз, Дастам шиканад, ба гарданам овезам.»
— Ман ба сангу посангҳойи шумо сарфаҳм намеравам, аммо шакли аввалааш хубтар буд. «Ба ҳеҷ кас рўйи ниёз ё дасти ниёз»
буд. Гиротар ҳам буд. Ба нокас рўйи ниёз овардан пастист, вале «ба ҳеҷ кас дасти ниёз набурдан» бузургист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор