Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Саҳеҳ. Чӣ мешавад, ки ронанда соати як омада ошро барад ва ман дертар равам?
— Хуб мешавад.
Ва ман омадам ба ҷое, ки таъйин шуда буд. Сарбозон маро роҳ намуданд то гармоба. Лоиқ арақшор буд. Андар табақи сурхи пахтагул оши нимхўрда боқӣ буд ва ревоҷи тагсангиву шишайи оби ҷав. Устод хушҳол буд андар хонайи роҳат. Ва Осмон аз гармхона баромад арақрез.
— Гуноҳшўйӣ даъват кардам шуморо. – баъди пурсу пос фармуд Осмон ва Лоиқ ислоҳ карданӣ шуд.
— Гуноҳи ту набуд, вазифаатро адо кардӣ.
— Буд, набуд, то ҳол дар хиҷолатам...
— Чӣ гуна буд? – тааҷҷуб кардам ва ҳайрон мондам, ки чаро ман бехабарам аз ин кор?
Онҳо нигаристанд ба якдигар, то кӣ посух гўяд ба пурси ман.
— Ха-айр, як шуду гузашт. – Лоиқ намехост ба ин мавзўъ баргардад. – Шумо медонед: ҳамон воқеае ки мошини маро дар назди қозиёт чаппа гардонда буданд. Худотон дар Иттифоқи нависандагон маҷлис карда ману Латифиро намоянда интихоб кардед ба ҳайати комиссияйи «Наҷоти Ватан». Мо камар бастем, ки сар раваду Ватан наҷот ёбад. Ҳамин тавр ҳам шуд, ки қариб сар рафта буд, аммо наҷоти Ватан кори хурд набуд. Гоҳе ки мошинро монда ба қозиёт даромадем, аз пас садо меомад: «Шоҳир, шоҳир!» Ман донистам, ки онҳо кистанд. Ва баргашта баромада мошинро воруна дидам. Даст аз зиндагӣ низ шустам, ки аз дасти ин гурўҳ ҳар кор меояд. Бо амри қозиёт рост карданд мошинро ва мо наҷот ёфтем. Рўзе низ расид, ки додарам Осмон маро хонданд ба дафтари корӣ ва бозпурс карданд аз он рўзи наҷот.
— Он рўз агар сахт омада будам, узр мехоҳам аз шумо.
— Не. Шумо ба ман сахт наомадаед, «онҳо» сахт омада буданд ба шумо.
— Ба ҳар ҳол гуноҳи маро бубахшед. Он рўзҳо як шуморо бозпурс накардаанд, қариб ҳамайи адибон ҷавобгў буданд.
— Масалан ман, – ҳамроҳ шудам ба сўҳбат, – ба касе чизе нагуфтаам ва ягон кас аз ман чизе напурсидааст.
— Ягона парвандае, ки тоза аст, аз шумост. Ба гурўҳе ҳамроҳ нестед ва коре ё рафторе накардаед, ки бойиси ташвиш бошад.
Агар ягон ҳарфу калоча ба шумо расад ё осебе, аз «дўстон» мерасад. – огоҳ кард Осмон.
— Ман чунон «дўстон» кам дорам, вале ҳасудон зиёд дорам.
— Акотон хапу дам корашонро мекунанд, Осмон. Ва нигарон, ки рўзе мардум навиштаҳояшонро подош медиҳад... Хестед, ки хобатон. Мардуми мо то ба ин дараҷа нарасидаанд. Вале касоне ҳастанд, ки сафедро аз сиёҳ ҷудо мекунанд, аммо дасткўтоҳанд.

пешина
аз 428
навбатӣ