Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Зеро наметавонистам садо баровардан.
Медонистам, ки садойи ларзонам ҳама асрор ҳувайдо мекунад.
Хориам меояд, ашкам мерезад, фиғонам мебарояд. Аз ошхона ва хонаҳойи дигар аҳли байти Лоиқ ҷамъ мешаванд. Кори нохубе мешавад. Ин чӣ рўз аст, ки Сорбон – мардаки каппа-калон, рўзи тўйи фарзандонаш ҳам гиря кунад, гоҳи сўҳбати тан ба тан ҳам гиря кунад, они сухан гуфтани сари ҷаноза ҳам гиря кунад. Модараш гирён зойидааст ўро.
— Маро нигарон! – боз ишора ба модар мекунад, ки даст пеши бар ба мо менигаранд.
— Савганд ёд мекунам, Лоиқ! Дар шастсолагиатон менўшам!
— Маст мешавӣ?
— Маст мешавам!
— Сурўд мехонӣ?
— Сурўд мехонам.
— Рақс мекунӣ? Рақсҳойи хирсона?
— Рақс мекунам. Рақсҳойи хирсона. Ва шумо ҳам... Каҷаккаҷак...
— Оҳо!!!
— «Лаббай?!» – аз дар ҳозир мешавад Зебинисо.
— Қозикалон! Ба шастсолагӣ тайёрӣ бин! Акот шароб мехўрад!
Шароби мардафкан!
— Як ҳамин аком монда буданд нахўрда...
— Рав! Корат набошад. Мехўрад!
— Ҳамин хел: як каса ба «хур», гуфтан хўронда намешавад ва каси дигара ба «нахўр» гуфтан нахўронда.
— Қозикалон! Гапа кам кун! Ту аз ман ягон бадӣ дидӣ?!
— Не!
— Не, ки бошад, халал нарасон!
Мурод шаробхорӣ набувад. Мурод ин аст, ки Лоиқ ба шаст дарояд.
Мо дар зодрўзи кадбонуву кадхудоён, рўзи таваллуди фарзандон ва наберагон ба хонайи якдигар гирд меомадем. Ва сенздаҳ рўз қабл аз зодрўзаш Лоиқро ба мавлуди сенздаҳсолагийи Ҷовидон пайғом кардам. Ва ў ду соат пештар аз они муқарраршуда занги дарвозаро пахш кард. Ва баробари сар аз дар бурун оварданам Ҷовидонро хонда табрик гуфт ва таъкид кард, ки дар нишаст ширкат карда наметавонад, Осмон ўро ба гармо (сауна) хондааст.
Пасон фармуд: «Медонам, ки худатон ош мепазед. Дилам кашоли ошатон. Умедворам, ки як табақ мефиристед. Сауна дар қисми ҳарбийи паси меҳмонхонайи «Бону».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор