Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Ҳеҷ фарде зи сари кин ба ҷигаргоҳи падар Дашнайи ташнайи хунро нахалидаст, ки мо.
...Оҳу афсўс, ки дар ҳошияйи торихем, Ин ҳама фоҷиаро даҳр надидаст, ки мо.
Хомўш мондем. Садойи андаке хаста, вале маънибори ў дар фазойи хонайи роҳат гардиш мекард ва роҳ меҷуст, то ба паҳно барояд; ба гўши оламиён расад Ҳар кадом таҳлил мекардем дар мағзи хеш, ки ин чӣ торих аст, ки шоир гуфта. Ҳатто худи Лоиқ дар андеша, як бори дигар саранҷоми шеърро дар компутери сараш мегардонаду мулоҳиза мекунад, ки чӣ гуфтааст.
— Мефаҳмида бошанд? – хомўширо шикастам мани камсухан.
— Мефаҳманд... Нафаҳманд, мефаҳмонидагиҳо ҳастанд. Вале тарсам аз он, ки ғалат нафаҳмонанд...
— ...Неее... Мефаҳмида бошанд, ки шумо таърих навиштед, мусаввираҳо офаридед? Ҳар байти шумо як қисса аст.
— Инаш кори ман не, ман гуфтам. Тафсиргарон ва ҳолдонҳо ҳар хел метавонанд бигўянд. Ҳамайи ин манзараҳоро дар телевизион нишон доданд, гуфтанд, халқ диду шунид. Хидмати ман он аст, ки хулоса кардам дар шеър.
— Бале, дадо, бале! Минбаъд ҳар кӣ чизе гуфтан ё навиштан хоҳад, суханони шуморо такрор хоҳад кард. Ё иқтибос хоҳад овард.
Зиёд андеша мекунам, ки ман чунин гуфтаву навишта наметавонам ё як шоири халқӣ ё райиси шоирон чунин гуфта наметавонад, Лоиқ мегўяд. Дар он вақт ҳам мегуфт; замони коммунистӣ. Суханаш мегузашт. Ҳарфи ўро ҳамчун ҳарфи нозгунҷ мепазируфтанд.
Дар поён ҳасад баранд ҳам, дар боло писанд мекарданд. Дар поён хусумат дошта бошанд, дар боло ифтихор мекарданд, ки мо чунин кас дорем. Лоиқ ин чизҳоро фарқу баркаш карда метавонист ва қадри хешро хубтар медонист. Медонист, ки суханашро дар боргоҳ ба замин намезананд, ноз мекард ва олитару хубтар шеър мегуфт аз дўшин... Ва батадриҷ дар поён низ донистанд, ки Лоиқ беназир ва нотакрор аст. Сахтҷон бувад чун кўҳҳомон:
«Дар миёни кўҳсорон сахтҷонам зодаанд...»
Нозири роҳ сўтта ба мошини Лоиқ рост кард ва канори роҳро намуд, то ў боздорад чаҳорчархаашро. Лоиқ дар миёни роҳ дошт мошинро ва ба нозири роҳ гуфт: «Маст ҳастам.» Чун нозир пеш омада Лоиқро шинохт, даст ба чакка бурда ду по ба ҳам зад ва фармуд:
— Маст бошу бош, устод!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор