Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бо хости Мирзо Турсунзода чанд тан бояд ба муносибати иди Май ба бўстонсаройи адибон мерафтанд. Он рўз дар роҳи хиёбони «Ҳофиз» ба шарафи иди бузург пойгаҳ мерафт. Роҳҳо баста буд.
Мошини Турсунзодаро иҷозат доданд. Пас мошини Лоиқ омад.
Онро низ рухсат гуфтанд. Пасон мошини адиби дигар омад. Гузар надоданд. Он адиб хеле пурсид, нагузоштанд. Пас ў тоҷикигарӣ кард:
— Чаро ба он ду мошин рухсат додиву ба ман иҷозат намедиҳӣ?
Нозири роҳ фармуд:
— Дар мошини аввал Мирзо Турсунзода меравад. Дар мошини дуввум – Лоиқ. Ту на Турсунзода ҳастӣ, на Лоиқ.


Шеръалӣ сиёҳҷурдайи хушбурут, тиллодандон, ки гоҳи хандиданаш аз зери мўйлаби сиёҳаш медурахшад ва хеле чолоку чобук.
Ниҳоят чолок нишон медиҳад самтҳойи мошингардро байни чорроҳа истода. Ва ҳар гоҳ мошини Лоиқро бинад, бозмедорад. «Як салом кунем.» Чунон одат шуда ин рафтор, ки баъзан Шеръалӣ ишорайи доштан накарда, Лоиқ мошинро қарор медод ва ў пеш омада ба забони тоҷикиву русӣ «частушкаҳо» мехонд ва баъди ҳар пора аз Лоиқ мепурсид: «Ин ай кияй?» Лоиқ посух медод: «Аз Шеръалӣ!» ва ў шод мегашт аз ҳарфи устод. Рўзе байту фардҳоро зиёд хонду посух ба пурсаш гирифт ва як порайи шеърӣ хонд:

«Ҳамсояҳо бесояанд,
Ҳампояҳо бепояанд.
Розӣ набошӣ гар зи худ,
Сармояҳо бемояанд.»

Баъд пурсид: «Ай кияй?»
— Аз Шералӣ!
— Ай Лоиқ Шеръалӣ.
— Аз Шеръалӣ не! Аз Шералӣ!


— Ако!
— Лаббай!
— Қиссайи ин пулро медонед-а?
— Ин пули айлоқи шоирон нест?
— Ҳо бале! Пули бўстонсаройи адибон, дар аҳди Мўъмин Қаноат сохта шудааст. Лекин худи бўстонсаро валу вайрон. Як бор аз нав месозем, гуфта хонаҳоро вайрон карданд, сохта нашуд...

пешина
аз 428
навбатӣ