Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Валиҷон бо равғани зағиру гурунҷи Исфара ош пухтаанд, назди устод Маъсумӣ мебарем. – Ҳайрату хомўшийи маро пай бурда фармуд Лоиқ.
— Чӣ аҷаб! – дигар чизе гуфта натавониста ифода кардам ва сурати хубу хубиҳойи ин марди донишманд пеши назарам омад.
Вале фурсати пурс нашуда Лоиқ ҷилави мошинро ба рост тофту назди дарвозайи хурд боздошт.
— Гунбати парвардигорро дидед? – оши дампартофтайи деги сари ошдонро намуда, гуфт Лоиқ ва Валиҷон шарик шуд ба сўҳбат:
— Лоиқҷон ба колхози Россия рафта, гўшти махсус оварданд, устод Маъсумӣ ҳаргуна гўштро намехўранд, гуфта.
Ва мо бардоштем деги сиёҳро. Рўйи чанбараки чархи эҳтиётии бордони мошин гузоштем ва роҳӣ шудем сўйи бўстонсаро.
Носирҷон Маъсумӣ андар хонайи аввали бўстонсаро истироҳат мекарданд, ки гоҳи аз дарвоза даромадан дар китфи чап қарор дошт ва ними манзил аз шоир Ғаффор Мирзо буду ними дигар аз профессор Маъсумӣ. Домулло аз омадани мо огоҳ гаштанд, ки аз кулба бурун шуданд ва хушнудона пазируфтанд. Валиҷон воҳима карда деги ошро бехи пояйи тахтакати кушоду фарох гузошт ва қоматашро рост гирифта, меҳрубонона вохўрдӣ кард.
Мо низ. Чеҳрайи муаллим механдид. Гоҳи пурсупос садойи нарму ҳалими эшон шунида мешуд ва рафторашон низ нарму меҳрубон буд. Танҳо аз муомила, рафтор ва гуфтори он кас бисёр чиз фаҳму дарк кардан имкон дошт.
Рўйи тахтакат гилему кўрпача густурда буд ва боз дастархон оростем. Нишастем, хўрдему нўшиданд. Сўҳбат қўр гирифт. Ҳангоми сўҳбат ҳам Носирҷон Маъсумӣ табассум доштанд. Сухан мегуфтанду шеър мехонданд. Ва фармуданд: «Лоиқҷон шеърҳойи тозаро хонад».
Лоиқ хеле дам ба дарун гирифт. Ман гумон доштам аз донистаҳояш ягон байт ё дубайтие мехонад ва ё ғазале. Аммо садойи ларзони ў дигаргуна баромад.
— Муаллими азиз, ман то қиёмат аз шумо миннатдор ва қарздор...
Маъсумӣ дарёфтанд маънийи сухани Лоиқро, ки ишора ба некиҳойи устод буд.
— Лоиқҷон ин чизҳоро фикр накунед. Ман худ ба худ шодмонӣ мекунам, ки шумо барин касонро дастгирӣ кардаам. Чунин андеша танҳо андешайи ман не, Мирзоҷон ҳам дар ин фикранд...
Шеър хонед!
Ва Лоиқ аз Рўдакиву Хайёму Ҳофиз мехонд.
— Шеърҳойи худатонро хонед.
— Охир дар назди шумо...

пешина
аз 428
навбатӣ