Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ээээ, чӣ давраҳое буд. Хоб мебинӣ... Хаёл мекунӣ, ки боз Турсунзода меомада бошад? Боз адабиёту ҳунар қадр пайдо мекарда бошад? Боз хонандагон дўкон ба дўкон аз пайи дарёфти китоб мегашта бошанд? Боз Иттиҳодия ба аъзояш хонаву мошин мебахшида бошад?
— Дунё ба умед.
— Ҳо, ако, шайтон ноумед... Ними умрамон дар ҳамин бўстонсаро гузашт, ними дигар барбеҳуда. Мактаби адабӣ надоштем, устоди адабӣ надоштем, чун ажриқ ё гули худрў замин чок карда рустем, вале боғбоне набуд, парварад моро. Хуни дил хўрда сабзидем, вале ҳар гоҳ шохшикан мекарданд, то боло нашавем...
Устодийи устодони мо чӣ гуна буд? Дар мисоли худам мегўям:
баройи муҳокима асарамонро мехонданд ва аз назари партиявияти адабиёту реализми сусиалистӣ баҳо медоданд, ки ман риоя намекардам. Он чӣ мехостам, ҳамон менавиштам. Баъзе пай мебурданд, бархе намефаҳмиданд ва баъд шахсияти маро зери тозиёнайи танқид мегирифтанд. Лекин бештари баҳо аз рўйи ноошнойӣ ё хусумат дода мешуд. Ғаразам ин аст, ки дар ин бўстонсаро тақдири бисёр адибон ҳал мешуд ва дурусту нодуруст ба бисёр асарҳо баҳо медоданд. Як нафар гўсфанд кушта зиёфат орост. Ҳама ҳайрон буданд аз чунин кор; зеро медонистанд, ки нони ўро кас надида. Баъди зиёфат равшан гашт, ки асари ў ба мукофоти давлатӣ пешниҳод шуда будааст. Ман ғам мехўрдам аз чунин ҳол. Ҳолиё нафрин мекунам, ки моли адабиёт баройи бузбозӣ нест. Ба ҳар ҳол хубтарин ҷойи ин дара ҳамин ҷост. Агар Лоиқро хумори насиму таровати рўди Варзоб гирад, ба ин ҷо меояд. Вале он базмҳо, он меҳмондориҳо, он ҳашамат, он бузургиву доройӣ нест. Устод Турсунзода ҳамаро бо худ бурданд ва ин манзил ба дасти нодидаҳо афтод. Ва Лоиқ бо ҳама бузургӣ ба ёди устодон ба ин қадамгоҳ меояд, то даме осояд.
— Ако!
— Лаббай!
— Носирҷон Маъсумиро хуб медонед-а?
— Чӣ хел надонам? Ду нафарро медонам, ки (рўҳашон шод бод!) дар ҳаққи Лоиқ некиҳойи зиёд кардаанд: Яке Турсунзода, дигаре Маъсумӣ. Лоиқ зиёд зикр мекард хидмату ёрийи эшонро.
— Ман низ ҳаминро гуфтаниам, ако. Номи нек ба некӣ ёд мешавад. Боре Лоиқу Валӣ Самад аз таги тирезайи хонаам фарёд заданд, ман баромадам. «Бўстонсаро меравем» гуфт Лоиқ ва Валӣ афзуд:
— Носирҷон Маъсумиро хабаргирӣ.
Чун миёни мо чуну чаро намешуд, баргашта либос пўшида баромадам, Лоиқ ба ҷойи он ки мошинро сўйи Варзоб ронад, сўйи Хонайи матбуот ронд.

пешина
аз 428
навбатӣ