Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳоло касеро коре нест ба касе ҷуз нақд ситонидан.
Роҳ кўтоҳ монд. Ба назар то бемористони Қарияйи Боло ба як зу мерасӣ. Аммо чунон дур метобад, ки...
Ва чеҳрайи ў пеши назарам дигаргуна меояд: хаставу ранҷур менигарад сўям ва нигоҳи гиламандаш мепурсад: «Чаро маро танҳо гузоштӣ?» Вале ман чизе гуфта наметавонам ва ҳазор посухи нўги забонро пеш орам, ўро қонеъ нагардонад. Ғалаён дорад зиндагийи пуршўри ў пеши назарам. «Ман гунаҳгорам, Лоиқ! Як умр ҳамроҳат будам, дар фурсати кўтоҳ танҳоят гузоштам. Охир надонистам, гумон надоштам, ки тани тановар чунин ногаҳон шавад нотавон!»
— Чӣ гуфтед? – пурсид ако, ки гўши сахтшунаваш чӣ гуна ин рози ниҳонийи маро шунида бошад. Ё шояд ман сахт гуфтаму худ бехабарам? Аммо Ҷовидони дар паҳлўям нишаста чизе аз ман намепурсад, балки ҳайрон менигарад ба амак, ки чаро якбора чунин пурсиданд.
— Ягон садо ба гўшатон расид ако?
— Бале, «Ман – гунаҳгор» гуфтед.
— Ҳа, ако, он қадар сол – қариб як умр ҳамроҳ бошему якдигарро аз балоҳо нигаҳ дорему дар як муддати кўтоҳ ўро танҳо гузорам, ки ба чунин рўз расад, магар ман гунаҳгор нестам?
— Не. Мо гунаҳгор нестем ва якдигарро нигаҳ дошта наметавонем, нигаҳбон худаш, нигаҳдор худаш... Мо як восита; воситайи рўзкўркунийи якдигар, бойиси тасаллойи дили якдигар; худаш ҳамин хел сохтааст: пушту паноҳи ҳам бошем, дар ноомади кор гуноҳро ба гардани хештан гирем.
Мошин медавад. Роҳ хароб бошад ҳам, наздик гуфта бо хиёбони Ҳофизи Шерозӣ меравем ва ман садову зарби задани дили хешро мешунавам. Арақ пахш кард танамро... Ягон қиссаву саргузашт ба ёдам намеояд. Пеши чашмонамро чеҳрайи Лоиқ мегирад.
Роҳ ҳам тира метобад. Баъзе мошинҳоро намебинам. Саҳл монда, ки бархўрам. Аз андешаам ба такрор мегузарад: «Чӣ ҳол дошта бошад?» Гумон мекунам, ки дигарон низ ҳамин андешаро доранд.
Вале миёни ҳама ғавғову садову ғалмағал садойи нолайи ошно ба гўшам мерасад. Сахт диққат мекунам, ки нолайи худам аст.
«Сорбон оҳи ҷаҳонсўзи маро мехонад...» – такрор мекунам ва овози пуррайи Лоиқ ба гўшам мерасад, ки он рўз дар хонааш сари тахтайи шоҳмот баҳс карда будем:
«Менолад!» – ислоҳ мекунад маро.
«Медонад.» – гўё ҷиддӣ мегўям ман, ки дурусташ ҳамин бошад. «Хондан бошад, ҳама мехонанд, донистан бошад, кам касон медонад. Вале Сорбон менолад!»
Ва садойи нолайи ман толори меҳмоншини манзили ўро ба сар мебардорад:

пешина
аз 428
навбатӣ