Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

«Соорбооон оооҳи ҷаҳооонсўўўзи марооо менооолааад...» Ў аз рўйи тахтайи шоҳмот сар боло мекунад ва рў ба ман оварда мегўяд:
— Мешудааст-ку!?
— Мешавад, чист, ки нашавад?
Ва дасти рости ў морпеч бозӣ мекунад ва сўйи сақфи хона меравад. Муродаш ин аст, ки идома диҳам ноларо. Ва ман чашм пўшида, гўйӣ тамоми дарду армону хоҳишу ҳасрату алами шоирро дар як пардайи садо ҷой медиҳам ва ин маҷмўъи дар синаам мағору зангу ғуборгирифтаро менолам:
«Ҳама халқони дигар анҷуман оростаанд!!!
Дар Самарқанд нашуд...
Дар Самарқанд нашуд сохта ним анҷуманам!
Ватанам! О ватанам! Во ватанам! Во ватанам!!!»
Андар чашмони ў ашк ҳалқа мезанад. Чун одати муқаррарӣ навозиш мекунад маро:
— Муттаҳам... Чанд мегирёни маро? Мурдайи модарамро тасвир карда, маро гирёнда будӣ. Хориҳойи Мўҳтарамро намуда гирёнда будӣ... Дарди дили маро нола мекуниву мегирёнӣ... Ин чизро танҳо ҳар ду мефаҳмем. Ин чизро ману ту дарку эҳсос мекунем. Мо баройи мурдайи худ мегирйем. Мо баройи ватани аҷдодӣ гиря мекунем. Тоҷикистон аз они мост, вале шаҳрҳойи бузурги тоҷикон аз мо нест. Ин ҳарфҳоро дигарон гўянд ҳам, ба мағзи ин сухан намерасанд. Миллат мегўянд, аммо намедонанд, ки он чист? Чиз аст ё мафҳум? Мол аст ё ҳол?
— Ман нанолам?
— Бинол! Сабр! – боз медорад маро ва писари компутердонашро ҷеғ мезанад: «Ромиш!»
Ромиш «лаббай!» гўён аз сари кор бархоста меояд ва ў мефармояд:
— «Вопасиннома»-ро дар компутерат чоп карда, як нусха ба амакат деҳ!
— Хуб, додоҷон!
— Инаш хуб, аммо хурдиаш маро азоб медиҳад. – хастаовоз гуфт Лоиқ. Тасаллияш додам:
— Ғам нахўред, солаша гирад, хуб мешавад.
Дар дасти рост мақбарайи устод Мирзо Турсунзода. Лоиқ ҳар гоҳ ба ин ҷо меояд; гўё ҳам вом адо мекунад ва ҳам тасаллӣ меёбад. Оромгоҳи устодро зиёрат мекунад, фотиҳа мехонад, баъд он тараф гузашта гўри устодон ва хуфтагони «водийи хомўшон»- ро тавоф мекунад, осуда мегардад. Ғубори сари дил ва мағзашро мезудояд чунин зиёрат.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор