Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Э вой! Ақли шумо намерасад, ки маро бедор кунед! Хомхаёлҳо, шикастабаҳоён! Баройи шумо дарозо хуфтани ман хубтар аст, аз он ки бедор гашта, ташвишатон диҳам. Сўзандору мекунед, то бедор нашавам; оҳ накашам, ногуфтаҳоро нагўям, фарёд назанам, ки суде надорад! Ман бедорам; ҳама моҷароҳоро мешунавам; ҳама ташвишҳоро мебинам. Ҳамааш дар мағзи сари ман ҷой гирифта, вале касе нест, ки онро дида тавонад; чунон ки пардайи сиёҳи рўйи мағзи беҳамтойи маро рўшан гардонад, пардабардорӣ кунад. Ин орзуйи якумрайи ман буд, ки ҳама пардаҳо бардошта шаванд, аммо пардайи сиёҳи оламгир мекашед шумо, то ман чизеро набинам.
Парда! Парда! Як пардайи сиёҳ. Бардоред онро! Ва ин олами сиёҳ сапед хоҳад шуд. Вале куҷост он пардадар?!
Э вой! Сарам дард мекунад! Вазнин сарам! Тамоми сангҳойи Тоҷикистон бар он вазн андохта. Дар олам аз кишвари Тоҷикистон вазнинтар сангхоке нест. Ва тамоми ин вазн ба сари ман бор шуда ва дасте мебод, ки онро аз сарам бардорад. Ақлу хираду заковату фаросоте нест, ки бо нўги теғе ё миқрозе ё дукордае ё сўзане онро аз сари ман бардорад. Танам абгор шуд, вале пардаро касе намебинад.
«Аё Лоиқ! Ман аз ту мепурсам: чаро ин қадар зуд таслим шудӣ?»
«...!»
«Яксар ба дилат зад?»
«...!»
«Зардуштиён натавонистанд! Суғдиён натавонистанд! Сомониён натавонистанд! Тоҷикон натавонистанд! Магар туйи танҳо, ки аз ҳама ин тухмаҳо Якто мондайӣ, метавонистӣ рўзгор дигаргуна созӣ?!»
«Қаҳ-қаҳ!»
На! Ин садойи Лоиқ нест! Балки гўши ман садо медиҳад бар пурсҳойи содаву лодаам.
«Як мулло овардан лозим...» яке аз пизишкон кўтоҳ гуфт, дилаш об хўрда ба ман. Тани аз асабоният ва андешайи зиёд лоғар ва хаста гаштайи ман дамид, чунон ки сабза баҳорон хок бар сар бардорад. Сахт нигаристам сўйи пизишк. Ва ў аз нигоҳи ман чӣ дарёфт, ки баройи ором карданам фармуд: «То бад нагўйӣ, нек наояд.» Ман сар фаровардам, чунон ки Лоиқи саркаш сар фароварда буд ба ҳама чиз. Вале дилам лахт баст, чунон ки хуни моли сарбурида дар коса лахт бандад. Ҳоли маро ҷуз худову худам касе пай намебурд. Баргашта аз долон назди кати Лоиқ омадам.
Нафаси сунъӣ мегирифт.
Чашмонамро лоиқвор муштмол карда, бурун омадам аз толори «наҷот» ва мардумро беқарор дидам мисли мўроне, ки об дар хафолашон рехта бошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор