Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Ҳоҷӣ Тағоймурод муллойи мазорӣ ҳоҷӣ Мирзоалиро ҳамроҳ овард.
Забон ба забон ҳарфи «кризис» мерафт. Рўзи ҳафтум, хавфу хатар дар ин рўз аст. Чун хуб гузарад, ҳама хуб мешавад.
Ва сарпизишк Соҳиб ҳар шому саҳар занг зада аз сиҳҳативу ҳолу аҳволи бемор ба дастгоҳи райиси ҷумҳур ва ҳукумати шаҳр пайғом медиҳад.
Вале ягон чиз моро ором карда наметавонад: Зебинисо солхўрда гашта дар ин чанд рўз, ки сиву панҷ сол бо Лоиқ шукуфта буд; Қоришариф лоғартар ва сиёҳтар гашта ва ҳар гоҳ ба якдигар менигарему сухане пайдо карда наметавонем ва ноилоҷем. Фарзандон дам ба дарун, ҳар чӣ пизишкон фармоянд, он мекунанд. Мумтози наварўс ғам мехурад, ки падари диловару фарзонаро дурусттар рўйи хона карда натавонист. Сабо атолайи дўстдоштайу меросиро пухта меорад, аммо падари меҳрубон намехурад ва духтарашро навозиш карда наметавонад, ки очаҷон ташвиш кашидӣ. Угропалави модарӣ ҳам намехоҳад, кабкпалови ман пухтаро ҳам. Мурғи ҳулоли Фарҳод пайдо кардаро ҳам. Ҳеҷ чиз намехоҳад. Аз ҳама чиз сер шуда, фақат як чиз монда: «Чун пушаймон шавӣ аз худ, ба худо мепечӣ...»
Дарҳо пўшида, мулло мехонад, мо дар ҳуҷрайи шафат аз дастгоҳ набзу гардиши хуни ўро мебинем. Ман намефаҳмам ин чизро.
Вале Садриддини ҳуқуқшинос воҳима мекунад ва сар пештар мебарад, ки мавҷи чун мавҷҳойи кўҳҳойи Тоҷикистон пуршиканро дурусттар бинад. Гоҳ-гоҳ ҷараён паст мешаваду гирифт мекунад ва дили мо низ оне аз кор мемонад, нафасамон мегардад ва боз равон мешавад. Соҳиб, Муқбил ва пизишкони дигар дар ташвишанд. Вале мо умед ба Худованд бастаем. Қоришарифро фиреб дода, берун мебароранд ва ё ба хонайи бародарашон мебаранд, ки хаста шудааст. Ҳо, ҳеҷ кас мисли ў намешиносаду намедонад Лоиқро ва ҳеҷ дил чун дили ў намесўзад. Вале ў рафтагор нест, чун мо дида ба мавҷи сусти дастгоҳ медўзад ва ба сони ҳезуми тар месўзад. Охир ў бародари оддӣ нест, Тоҷикистон якто пайдо карда Лоиқро. Қоришарифи зирак пай бурда чунин ҳолро, ҷон ба ҷонаш монда, модарбонӣ карда Лоиқро хонондааст. Ў медонад Лоиқро, ў таборшинос аст, ўст дилсўз!
Аз дасти кўтаҳи мо коре намеояд. Ҳозир ҳастем, ки ҷон диҳем баройи Лоиқ, вале ҷонамон зарурате надорад; ҳатто ҷони худи ў гарон метобад андар ҷисмаш.
Ва он шаб хона рафта, омадам. Ҷовидон ҳамроҳам. Дили шаб буд. Аллакай таърихи 30-уми рўзшуморийи имрўзайи мо ворид шуда, дар солшуморийи кўҳан моҳи Хўша (Сунбула) мехондемаш.
Соат наздик ба 2. Дар либоси хонагиам. Соҳиб дар ҳуҷрайи худ ва чанд тани дигар аз навбатдорони таборӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор