Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Домоди хурдӣ Фирдавс ва бародари ў Ҳусниддин низ ҳастанд. Соҳиб ба ман рў меорад:
— Равед, дам гиред. Устод як зайл.
Вале ман майли рафтан надорам. Хушгўйиҳо мекунам. Чанд бор Лоиқ дар ин маризхона буду табобат гирифт ва соле як бор хешро аз муойина мегузаронд, қариб ҳама коргарони ин ҷоро мешиносад; ўро низ ҳама медонанд... Давр мегардам долону ҳуҷрайи баройи дўстон ҷудошударо. Назди дари толори «наҷот» мешавам:

«Ҳар шаб ситорае ба замин мекананду боз
Ин осмони ғамзада ғарқи ситораҳост.»

Чашмам меафтад боз ба ин байт. Намефорад. Яке аз байтҳойи дўстдоштаам, ки худи Лоиқ дар қатори дигар байтҳо интихоб кардааст. Вале ҳоло намефорад. Ман намехоҳам, ки ситорайи рўшани «осмони ғамзада» аз он баландӣ ба хоки сияҳ афтад.
Ҳама ҷо хомўш. Ман сарири нафаси хешро мешунавам ва замин сойидани кафши Ҷовидонро. Аз дарун садойи пасти кор кардани дастгоҳи нафаскашӣ меояд. Садойи тапиши дили бузург намерасад ба гўшам, балки як садойи сунъӣ меояд... Ва дар як лаҳза дўстон ҷамъ мешаванд назди дар, ки чӣ шуда бошад ба устод.
Бурун рафтем. Дар он ҷо низ дўстон зиёд буданд.
Ҷовидонро хоб гирифт. Майли хона рафтан кард. Насими субҳ мевазид. Ҳоҷати хона рафтан ҳам нест. Вале ў бояд бихобад. Хобпар шудам. Ҷуз андешайи Лоиқ андешае надоштам. Дар борайи рўзгор, адабиёт, дигар кору борҳо фикр намекардам. Лоиқ буд андар дилу дидаву мағзи сарам. Ҳама ҷоро ў ишғол карда буд, ба дигаре ҷой намонда. Фақат мегуфтам ба худ, ки Саборо якҷоя ном гузоштем. Ман китоб навиштам: «Сабо», ў духтар дорад Сабо. Ў наберайи шарикиамонро Анўша ном дод, ман наберайи шарикиамонро ном гузоштам Мино. Ҳоло ҳамайи ин номҳо дар хонайи мананд, вале аз они Лоиқ.
Айнан ҳамон соате, ки ҳашт рўз пеш писари бузурги Лоиқ Ҷамшед дар Амондара тирезайи хоби маро нохун зада, аз беморийи падараш огоҳам карда буд, тугмайи дарвозайи хонайи маро касе пахш кард. Аз тирезайи ошёнайи дуввум нигоҳ карда яке аз ҷавонони навбатдорро дидам ва баробари дарвозаро воз кардан ўро гунгу лол дарёфтам, ки хабарро ба ман расонида наметавонист. Фақат тавонистам либос иваз кунам ва ба духтару домоди Лоиқ безабонийи худро нишон диҳам. Онҳо дарёфтанд аз нигоҳам, ки ман чӣ мегўям, зеро аз омадани пайкол хабар ёфта буданд, ки чӣ мегўяд...
«Воҳ!» хаёлам ин садойи хомўшонайи ман мисли «оҳи Лоиқ»
буд, ки гўрро битарконад... Ҳамин қадар дарёфтам, ки аз рахнайи девор гузаштам ва хазонрезро дидам.

пешина
аз 428
навбатӣ