Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Чӣ хуб гуфту гирёнд Султон.
«Дар дили офтоб нашинед, офтоб мезанад» оҳиста ба гўшам гуфт Исмоилзода – падарарўси Фарҳод ва аз зинаҳо фаромад.
«Боке не» оҳиста гуфтам ва миннатдорӣ кардам ба ғамхориаш.
Ва ашкам тар мекард сарсинаамро, офтоб кора надошт.
Ва тобутҳоро бардоштанд. Мошинҳо мерафтанд. Дар нимароҳ мошинҳо аз ҳам ҷудо шуданд, тобутҳо ба роҳҳойи гуногун рафтанд. Гўр ҷудо, гўрхона ҷудо.
«Ако!» дили ман ғулғула мекунад, ки ба Қоришариф муродамро гўям, вале овозам намебарояд. Хомўш мемонам ва он чизҳое ки медонаму армонам ҳаст, андарунам зангор мебандад ва ман ҳеҷ гоҳ ба мақсадам намерасам. Меравему меравем, андарунам месўзад, ин ҳарф то забонам меояд, аммо баланд ифода карда наметавонам: «Ако!» Гумон мекунам бо тамоми овоз садо медиҳам, лек ако шунидан намехоҳад ва ё гўш гарон мегирад. Ў намедонад, ки ман чӣ ният дорам.
«Ако!» Намешунавад, ки намешунавад. Пас ман дандон месоям ва сахт мегўям: «Ако! Лоиқро ман ба лаҳад гузорам!» Ва забон мегазам, ки дигаргуна нафаҳмад муродамро. Нагўяд, ки ин одам худро ба Лоиқ ҷон ба ҷон мегирифту... Не-не, ако! Ин хел не! Ман як ният дорам. Лоиқ медонад. Ў бахши аввали романи «Зиндадаргўр»-ро хондааст. «Дар сўгворийи хоҳарам»-ро. Бахши дигараш «Дар сўгворийи модарам». Ҳар дуйи онҳоро ман ба хок додаам. Вале намедонам, ки чаро худ аз худ ба сарам зад, ки бахши саввумро «Дар сўгворийи миллат» ном додам. Дар ду ҳолати аввал намехостам аз гўр бароям, балки мехостам зинда андар гўр бошам. Вале маро зўран аз гўр мебароварданд. Ҳоло... «Ако!
Гузашт кунед, ман бародарамонро ба лаҳад ниҳам ва паҳлўйи ў дароз кашам... Акоҷон! Як бор гузашт кунед! Ҳарчанд медонам, ки гарон аст шуморо. Касе ҳаммонанди шумо намесўзад, касе мисли шумо ба ҷойи ғизо хун намехўрад; ҳамаашро мефаҳмам...
лекин зарур бувад. Гузашт кунед!
1 Лоиқ! Ҷўрайи ҷамолакийи ман! Охирин бор мадад бикун!
Акоро бифаҳмон, то ман ҳамроҳат ба гўр дароям. Инро фақат ту мефаҳмӣ, зеро хондайӣ, медонӣ. Вагарна «Зиндадаргўр» нотамом мемонад мисли «Ангораҳо»-йи ту.
Лоиқҷон! Бигў, бифаҳмон! Инҳо намешунаванд, намефаҳманд мақсаду муроди моро. Хаёл мекунанд Лоиқ шеър гуфт, хонданд, мисраъҳо садо доданд, вассалом. Аз куҷо донанд, ки «Кӣ шикаст мўҳрайи мо?» чӣ боре дорад, чӣ тадқиқоте мехоҳад, чӣ таърихест?
- Таъбири Лоиқ Худоё!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор